Муштариёни ширкат метавонанд ҳатто ҳангоми парвоз бо наздикони худ дар тамос бошанд! Имконияти мазкур дар айни замон ба шарофати созишномаи байни ширкати мо ва оператори мобилии соҳаи ҳавопаймоӣ - AeroMobile AS имконпазир гардид, ки ба парвозҳои ширкатҳои машҳур ба монанди Uzbekistan Airways, Turkish Airlines, Emirates, Lufthansa хизмат мерасонад. Ширкатҳои мазкур ба зиёда аз 60 кишвари ҷаҳон парвоз анҷом медиҳанд (рӯйхати муфассали ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар ин ҷо дастрас аст).

МУҲИМ!
Роҳбалади ҳавопаймо тавассути эълон хабар медиҳанд, ки кай шумо метавонед телефони худро фаъол созед ва аз хидматрасонӣ истифода баред. Шабакаи AeroMobile вақте дастрас мешавад, ки ҳавопаймо ба баландии 6000 метр мебарояд. Шабака дар тамоми марҳилаи парвоз дастрас аст, аммо ҳангоми парвоз аз замин ва фуруд омадан телефонҳо бояд хомӯш карда шаванд.
Ба AeroMobile AS чӣ тавр пайваст шудан мумкин аст:
- Боварӣ ҳосил кунед, ки хизматрасонии Роуминг дар телефони Шумо пайваст карда шудааст.
- Вобаста ба танзимоти телефони мобилии худ, шумо ба танзимоти пайвастшавӣ ба шабака ворид шуда, бояд ҳолати пайвасти худкори телефони худро хомӯш намоед ва аз рӯйхати пешниҳодшуда AeroMobile-ро интихоб кунед.
Дар сурати пайвастшавии бомуваффақият AeroMobile ҳамчун провайдери шабака нишон дода мешавад ва шумо паёми матнии шодбошӣ мегиред. Дар идома Шумо метавонед занг занед, ба зангҳо ҷавоб диҳед, паёмҳои матниро қабул кунед ва интиқол диҳед, ба почтаи электронӣ ворид шавед ва веб-саҳифаи худро тафтиш кунед.
Арзиш
Зангҳо ва SMS-паёмакҳо дар ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии AeroMobile барои муштариёни Babilon-Mobile мувофиқи тарофаҳое, ки дар вебсайти ширкат нишон дода шудаанд, тарофабандӣ мешаванд (AeroMobile).