Бо Интернети дастрас дар роуминг ба сафар бароед, тассуроти худро бо наздикон ва дӯстон ҳисса кунед ва худро чун дар хона эҳсос намоед!
Бастаҳои муносибро пайваст намуда бе хароҷоти зиёдатӣ дар хориҷа аз Интернет истифода баред!
Номи баста | ROAM 200 | ROAM 500 | ROAM + |
---|---|---|---|
Ҳаҷми трафик | 200 MB | 500 MB | 1000 MB |
Муҳлати амали баста | 7 рӯз | 7 рӯз | 15 рӯз |
Арзиши пайвастнамоӣ | 70 TJS | 150 TJS | 285 TJS |
Фармоиш барои пайвастнамоӣ | *225*200# | *225*500# | *225*1000# |
- Бастаҳои интернетро ҳам дар шароити хонагӣ ва ҳам дар роуминг тавассути USSD-фармоиш пайваст кардан мумкин аст. Фармоиш барои пайвастнамоӣ барои ҳар як бастаи дастрас дар ҷадвали боло нишон дода шудааст.
- Пайвастнамоии бастаҳо дар ҳамаи нақшаҳои тарофавӣ имконпазир аст.
- Санҷиши обуна ва бақияи трафик барои бастаҳо дар сомонаи babilon-m.tj/recharge, ё бо кӯмаки USSD: *225# мумкин аст.
- Бастаҳои интернет дар шабакаҳои 2G/3G/4G дар ҳама ҳудудҳои фазои амали роуминг-шарикон дастрас аст.
- Интернет-бастаҳо барои истифода дар ҳудуди ҶТ дастрас нестанд.
- Хизматрасонӣ дар кишварҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
Россия (Tele2), Қирғизистон (Megacom), Хитой (China Mobile), Гонконг (China Mobile HK), Канада (Telus).
- Ҳангоми пурра харҷ кардани трафики баста, хизматрасонии интиқоли додаҳо дар роуминг дар шабакаи мазкур дастнорас мегардад.
- Ҳангоми такроран пайваст намудани як бастаи интернетӣ, трафик ҷамъ карда шуда, муҳлати интернет дароз мешавад. Масалан, бастаи «ROAM 200» 22.01.2019 харида шуд ва шабеҳи он 23.01.2019, ба муштарӣ 400 Мб трафик ба муҳлати 13 рӯз дода мешавад.
- Ҳангоми қатъи хизматрасонии роуминг истифодаи баста ѓайриимкон мегардад. Ҳангоми аз нав пайваст намудани роуминг, аз нав дар сурате фаъол мегрдад, ки агар мӯҳлати истифодаи баста нагузашта бошад.
- Фаъолсозии баста аз лаҳзаи пайвастнамоии нахустин интернет-сессия дар роуминг сурат мегирад.
- Пайвастнамоии бастаҳои интернетии «ROAM 200/500/+» дар як шабонарӯз як маротиба дастрасанд. Дар чунин ҳангом пайваст намудани ду ё се бастаҳои гуногун дар як вақт имконпазир аст. Такроран пайваст намудани ду бастаи якхела дар рӯзи дигар дар соати 00:00 аз рӯи вақи душанбе имконпазир аст.
- Ҳангоми дар як вақт пайваст намудани бастаҳои интернетии «ROAM 200/500/+», трафик аз ҳамон бастае харҷ мешавад, ки якум харида шуда буд. Баъд аз ба итмом расидани трафики пардохтшуда, дастрасӣ ба интернет қатъ мегардад.
- Бо мақсади пешгирӣ намудан аз қатъи худкори хизматрасонии роуминг, пайвастнамоии дилхоҳ навъи баста аз се навъи он, танҳо дар ҳамон сурате дастрас хоҳад буд, ки бақияи умумии дар тавозунбуда ҳам барои харидолрии баста ва ҳам барои фаъолияти роуминг басанда бошад.
- Дар сурати ҳангоми харидории интернетбастаи «ROAM200» басанда набудани тавозуни муштарӣ, хангоми ворид намудани USSD-фармоиш, муштарӣ чунин паёмаки ҷавобӣ мегирад: «Барои он ки Роуминг қатъ нашавад, тавозун бояд бештар аз 210 TJS бошад, ҳангоми харидории бастаи ROAM500: «Тавозун бояд бештар аз 290 TJS бошад, то ин ки Роуминг қатъ карда нашавад», ва ҳамчунин ҳангоми харидории ROAM+: «Тавозун бояд бештар аз 425 TJS бошад, то ин ки Роуминг қатъ карда нашавад.