«Вавилон-Мобайл» – Бузургтарин оператори алоқаи (кандуи) мобилии Тоҷикистон. Маҷмуи пурраи хизматрасониҳои замонавиро барои муштариён дар низоммеъёри GSM 900/1800, 3G-UMTS / 3,5G-HSDPA / 4G-LTE пешниҳод менамояд. Ширкати мазкур фаъолияти тиҷоратии худро 1 январи соли 2003 оғоз намуд.
Дар таърихи рушди телекоммуникасияи минтақаи Осиёи маркази ва Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ) нахустин маротиба 1 июли соли 2005 низоммеъёри нави тиҷоратии 3G-UMTS аз тарафи ширкати «Вавилон-Мобайл» ба кор дароварда шуд. Бомуваффақият ба истифода додани меъёри нави тиҷоратии 3G-UMTS имконият дод, ки номгӯи хизматрасониҳои ширкат боз хам васеътар карда шаванд. Барои муштариён ба ғайр аз зангҳои видеои ва Интернет бо суръати 7.2 Мб/с, инчунин хизматрасониҳои зерин дастрасанд: SMS, MMS, Voice-mail, Call register, WAP, GPRS, Prepaid card, Call Center, SM$-Деньги, ICQ-SMS, Роуминг, контент-хизматрасониҳо, бозӣ ва дигарҳо.
Муҷаҳҳазгардонии шабакаи «Вавилон-Мобайл» ба муштариёни худ имконият дод, ки аз Интернети баландсуръат истифода баранд. Ба туфайли технологияи нави HSDPA суръати Интернет дар шабакаи 3,5G-HSDPA–и «Вавилон-Мобайл» то 7,2 Мб\с мерасад. Ба ғайр аз он HSDPA ба таври назаррас сифати хизматрасониҳои пешниҳодшударо боз хам баландтар гардонид. HSDPA – ин видео-телефония, телевизиони мобилӣ ва албатта дастрасӣ ба Интернет бо суръати рекордии то 7.2 Мб\с ба ҳисоб меравад.
Ширкати «Вавилон-Мобайл» нахустин маротиба дар Тоҷикиситон инчунин шабакаи мобилии низоммеъёри LTE-ро ба истифода дод. Дар айни замон шабакаи LTE танҳо дар шаҳри Душанбе дастрас аст. Суръати ниҳоии озмудашудаи он то 40 Mb/s-ро ташкил медиҳад.
Дар айни замон шабакаи ширкат зиёда аз 300 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегирад. Ширкати «Вавилон-Мобайл» шароити нихоят мусоидро барои истифодабарии босифат ва муносиби алоқаи мобилии низоммеъёри GSM бо интихоби васъеи хизматрасониҳо барои муштариёнаш фароҳам овард. Бо азхудкунии технологияи замонавӣ, дастаи касбӣ ва пуртаҷрибаи ширкат кушиш менамояд, ки ба мизоҷони худ баландтарин сифати алоқа ва ҳузуру ҳаловати онро дар истифодабарии маҷмуъи пурраи хизматрасониҳо пешниҳод намояд.