Роуминг

Роуминг чист?

Роуминг - ин имконияти сафар ба хориҷа бо телефони мобилӣ бо нигоҳ доштани рақами худ ва ҳамеша дар тамос будан аст. Онҳое, ки ба шумо занг мезананд, ҳатто намефаҳманд, ки шумо дар сафар қарор доред, вале бо гирифтани рақами Шумо, онҳо метавонанд мустақиман ба Шумо занг зананд.

Тартиби пайвастнамоӣ \қатънамоии Роуминг

Хизматрасонии роумингро ҳангоми тавозуни аз 0 сомонӣ пайваст намудан мумкин аст.
Маблаѓи тавсияшаванда – на камтар аз 50 сомонӣ барои шабакаҳои дорои онлайн-тарофабандӣ.

Пайвастнамоии хизматрасонии Роуминг:

  • Тавассути USSD-фармоиш: *2004*121# (ба шарти он ки тавозун бештар аз 0 Cомониро ташкил диҳад). Ҳангоми бомуваффақият пайваст шудан муштарӣ SMS-огоҳинома мегирад.
  • Бо муроҷиат кардан ба Call-Center –и ширкат бо рақами 2006 ё 918 61-61-61.
  • Бо воситаи Онлайн-консультант

Пеш аз сафар боварӣ ҳосил намоед, ки хизматрасонии роуминги шумо фаъол аст (барои ин аз USSD-фармоиш барои санҷиши ҳолат истифода баред) ва кишваре, ки шумо ба он сафар мекунед, Роуминг дорад. Пас аз ворид шудан ба ин ё он давлат телефонро фаъол кунед - вай ба таври худкор дар яке аз шабакаҳое, ки хизматрасонии Роумингро пешниҳод мекунанд, ба қайд гирифта мешавад. Агар телефони шумо ба таври худкор дар мамлакати истиқомат ба қайд гирифта нашавад, шумо метавонед шабакаро ба таври дастӣ бо истифода аз феҳрасти (меню) телефон интихоб кунед (нигаред ба дастурамал оид ба истифодаи таҷҳизот).

Идоракунии хизматрасонии Роуминг инчунин бо кӯмаки USSD-фармоиш имконпазир аст:

  • Тафтиши ҳолати хизматрасонӣ: *2004*12*#
  • Қатънамоии хизматрасонии пайвастнамоии худкори Роуминг: *2004*120#

Таваҷҷуҳ!

  • Дар сурате, ки агар тавозуни Шумо аз 0 то 137 сомониро ташкил диҳад, хизматрасонии Роуминг дастрас мегардад танҳо барои шабакаҳои дорои онлайн-тарофабандӣ фаъол мешавад, ба истиснои кишварҳои ҳаммарз (Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон), инчунин ба истиснои шахсони воқеии тавозунашон камтар аз 137 сомонӣ, ки дар барномаи «MobiГап» ба қайд гирифта шудаанд.
  • Дар сурате, ки агар тавозуни Шумо аз 137 сомонӣ бештарро ташкил диҳад, хизматрасонии Роуминг дастрас мегардад барои шабакаҳои дорои онлайн-тарофабандӣ, аз ҷумла кишварҳои ҳаммарз (Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон) низ дастрас мешавад.
  • Қадами тарофабандӣ барои ҳамаи зангҳои овозӣ (зангҳои даромад ва баромад) 60 сония, барои интиқоли додаҳо 1 kb муайян карда шудааст.
  • Зангҳои интиқолии бо интиқоли шартӣ таъиншуда дар баъзе ҳолатҳо ду баробар аз арзиши занги содиротӣ дар Роуминг нархгузорӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, тавсия медиҳем, ки пеш аз сафар ба хориҷи кишвар барои пешгирӣ намудани нархбандии иловагии воситаҳои пулӣ аз суратҳисоб ҳамаи зангҳои интиқолӣ, аз ҷумла интиқол ба Почтаи овозиро хомӯш намоед.
  • Барои шабакаҳои дорои оффлайн – нархгузорӣ ситонидани маблаѓ метавонад бо таъхири аз 24 соат то 30 рӯз анҷом дода шавад (нигаред ба банди "Эзоҳ" дар бахши "Рӯйхати кишварҳо" - ҳангоми интихоби оператори ҳавасманд).
  • Дастрасӣ ба пайвастшавӣ ба хизматрасонии Роуминг ба шабакаҳо бо офлайн-нархгузорӣ барои шахсони воқеӣ бо дархости муштарӣ ба Call-Center-и ширкат, барои шахсони ҳуқуқӣ бошад пас аз тамос бо менеҷери масъули шуъбаи муштариён пешниҳод карда мешавад.
  • Дар сурате, ки агар тавозуни истифодабарандаи MobiGap аз 137 сомонӣ камтар бошад, - хизматрасонии Роуминг дастнорас қатъ карда мешавад. Дар сурати хостан, хизматрасониро бо USSD – фармон фаъол намудан мумкин аст: * 2004 * 121 # (ба шарте, ки тавозун аз 0 сомонӣ зиёд бошад).
  • Дар сурате, ки агар муштарӣ – истифодабарандаи барномаи MobiGap, хизматрасонии Роумингро пештар пайваст карда бошад, он гоҳ ҳангоми аз 137 сомонӣ зиёд будани тавозун, хизматрасонии Роуминг дастрас боқӣ мемонад. Барои роҳ надодан ба пардохти иловагӣ дар роуминг, тавсия медиҳем, ки хизматрасониро бо фармоиши USSD: * 2004 * 120# хомӯш намоед.

Қоидаҳои занг задан ба муштарӣ дар Роуминг

Ҳангоми дар Роуминг қарор доштан, шумо бояд ҳамаи рақамҳоро дар формати пурраи байналмиллалӣ ворид намоед: + [рамзи кишвар] [рамзи шаҳр] [рақами телефон], новобаста аз он ки ба куҷо занг мезанед. Масалан, барои занг задан ба шаҳри Душанбе шумо ворид намоед: + 992 372 XXXXXXX.
Барои ирсоли SMS / MMS-паёмҳо низ, шумо бояд ҳамаи рақамҳоро дар шакли байналмиллалӣ ворид кунед.

Кӯмак дар Роуминг

Оид ба саволҳои пайдошуда дар Роуминг муштарӣ метавонад муроҷиат кунад, ба:

  • Сall-Сenter -и «Вавилон-Мобайл», бо гирифтани рақам дар формати байналмилалӣ + 992 918 61 61 61.
  • Сall-Сenter - и оператор дар кишваре, ки ташриф овардед (танҳо оид ба масъалаи қоидаи гирифтанри рақам).
Диққат! Занг ба Маркази Call-Center-и "Вавилон Мобайл" ҳамчун занги содиротӣ ба Тоҷикистон нархгузорӣ карда мешавад.

GPRS-РОУМИНГ

Инчунин ба ҳамаи муштариён хизматрасонии GPRS-РОУМИНГ – дастрасӣ ба манбаъҳои Интернет дастрас аст (wap, web, e-mail, MMS). Тартиби GPRS-роуминг ба GSM-роуминг шабеҳ аст, ба муштарӣ лозим нест, ки дар танзимоти телефони мобилӣ, ба истиснои телефонҳои IPhone чизеро тағйир диҳад.

Дар Роуминг, муштариёни «Вавилон-Мобайл» метавонанд MMS-паёмҳоро фиристанд ва қабул кунанд*, инчунин аз хизматрасонии почтаи E-mail2MMS / MMS2E истифода баранд: ирсол ва қабули MMS аз почтаи электронӣ.

Эзоҳ

  • Ирсол ва қабули MMS - паёмакҳо дар Роуминг инчунин дар шабакаи хонагӣ дастрас аст.
  • Ҳангоми дар Роуминг қарор доштан MMS-паёмакҳои воридотӣ ва содиротӣ аз рӯи тарифи GPRS – трафик дар Роуминг нархгузорӣ карда мешавад.
  • Арзиши GPRS-трафик дар Роуминг аз кишварӣ ба он сафаркарда вобаста аст.

3G-UMTS/3,5G-HSDPA -РОУМИНГ

3G-Роуминг - хизматрасониест, ки ба муштариёни "Вавилон-Мобайл" ҳангоми дар Роуминг қарор доштан имконият медиҳад зангҳои видеоиро амалӣ созанд (танҳо дар дохили шабакаи меҳмонӣ). Акнун, ба хориҷа сафар карда, муштарӣ метавонад дар шабакаи муқаррарии 3G муошират намояд ва аз тамоми хизматрасониҳое, ки бо сифати баланд дар Тоҷикистон дар шабакаи оператори худ «Вавилон Мобайл» истифода мебурд, истифода барад. Дар сурати маҳудияти телефони 3G ба муштарӣ дар Роуминг Интернети баландсуръат ва муоширати нисбатан беҳтар дастрас мешавад. Бо шарофати технологияи 3.5G-HSDPA, муштарӣ дар Роуминг низ метавонад аз Интернети баландсуръат истифода барад. Агар шумо модеме дошта бошед, ки стандарти HSDPA-ро дастгирӣ кунад, шумо танҳо SIM-кортро ворид мекунед ва суръати рекордии Интернетро дар компютери худ (то 3,6 Мбит / с) ба даст меоред. Мувофиқат бо технологияи навтарини шабакаи HSDPA ба корбарон тамоми бартариҳои Интернети мобилиро фароҳам меорад, аз ҷумла зеркашии мусиқӣ, клипҳои видеоӣ ва ғайра.