"MobiБозор" аллакай дар MyBabilon!

Муштариёни муҳтарам!

Бо дархостҳои зиёди Шумо ширкати «Вавилон-Мобайл» дар реҷаи санҷишӣ хизматрасонии «MobiБозор»-ро роҳандозӣ менамояд!

Акнун, агар Шумо аз нақшаи тарофавии «Ҷавонӣ 2» ё «Ҷавонӣ 3» истифода баред, Мегабайтҳои худро метавонед мустақим тавассути замимаи MyBabilon бо хешовандон, наздикон ва дигар Муштариёни «Вавилон-Мобайл» мубодила намоед.

Мегабайтҳо доред? Онҳоро ба касоне, ки воқеан ба онҳо ниёз доранд, тӯҳфа кунед!

Чӣ тавр аз хизматрасонӣ истифода бурдан мумкин аст:

  1. Замимаи MyBabilon-ро кушоед.
  2. Ба бахши «Телефон» → «MobiБозор» гузаред.
  3. Рақами Муштарии «Вавилон-Мобайл»-ро ворид намоед.
  4. Ҳаҷми зарурии Мегабайтҳоро интихоб намоед.
  5. Интиқолро тасдиқ намоед.

* Барои истифода аз хизматрасонӣ, замимаи MyBabilon-ро то версияи актуалии 2.0.19 ё болотар навсозӣ намоед.

Интернетро бо онҳое, ки бароятон азизанд, мубодила кунед!

Маълумоти бештар: 2006, Хизматрасонии "MobiБозор"


Бозпас ба рӯйхат