MobiБозор
Агар Шумо аз нақшаҳои тарофавии
«Ҷавонӣ 2» ё
«Ҷавонӣ 3»
истифода баред, дар доираи низоми санҷишӣ Мегабайтҳои худро метавонед мустақим тавассути замимаи
MyBabilon ба хешовандон, наздикон ва дигар Муштариёни
«Вавилон-Мобайл»
интиқол диҳед.
Хизматрасонии «MobiБозор» дар низоми санҷишӣ пешниҳод карда мешавад.
Имкониятҳои «MobiБозор»
Бо хизматрасонии «MobiБозор» Шумо метавонед:
Интиқоли Мегабайтҳо
Мегабайтҳои худро ба дигар Муштариёни «Вавилон-Мобайл» интиқол диҳед.
Мубодилаи Интернет
Трафики интернетро бо наздикону пайвандон мубодила кунед.
Идоракунӣ тавассути MyBabilon
Интиқоли Мегабайтҳоро мустақилона тавассути замимаи MyBabilon идора кунед.
Зуд ва муносиб
Мегабайтҳоро мустақим аз смартфони худ зуд ва ба осонӣ интиқол диҳед.
Хизматрасонӣ ба кӣ дастрас аст?
«MobiБозор» барои Муштариёни тарофаҳои зерин дастрас аст:
Қабулкунандаи Мегабайтҳо метавонад дигар Муштарии
«Вавилон-Мобайл»
бошад, ки ба дилхоҳ тарофаи овозии ширкат пайваст шудааст.
Мегабайтҳоро чӣ тавр интиқол додан мумкин аст?
-
Замимаи MyBabilon-ро кушоед.
-
Ба бахши
«MobiБозор»
гузаред.
-
Функсияи интиқоли трафики интернетро интихоб кунед.
-
Рақами Муштарии «Вавилон-Мобайл»-ро нишон диҳед.
-
Ҳаҷми зарурии Мегабайтҳоро интихоб кунед ва амалиётро тасдиқ намоед.
Эзоҳ
1.
Мегабайтҳои бадастомадаро дар замимаи MyBabilon дар бахши
«Телефон» → «MobiБозор» → «Таърих» → «Қабулшуда»
дидан мумкин аст.
2.
Мегабайтҳоро танҳо Муштариёни тарофаҳои
«Ҷавонӣ 2» ва «Ҷавонӣ 3»
интиқол дода метавонанд.
3.
Танҳо Мегабайтҳое, ки ба захираҳои нақшаи тарофавии Муштарӣ дохил мешаванд, интиқол дода мешаванд.
Бастаҳои интернетии иловагӣ пайвастшударо интиқол додан мумкин нест.
4.
Мегабайтҳои интиқолшуда аз бақияи дастраси захираҳои интернетии нақшаи тарофавии ирсолкунанда бароварда мешаванд.
5.
Муҳлати амали ҳар як бастаи қабулшуда новобаста ба муҳлати амали захираҳои интиқолдиҳанда
60 рӯзи тақвимӣ
мебошад.
6.
Ҳар як бастаи қабулшуда алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад ва муҳлати амали худро дорад.
7.
Мегабайтҳои дар давоми 60 рӯз истифоданашуда сӯхта, ба давраи навбатӣ гузаронида намешаванд
ва ба Муштарии дигар дода намешаванд.
9.
Қабулкунанда метавонад дилхоҳ Муштарии «Вавилон-Мобайл» бошад, ки ба ӯ дар доираи нақшаи тарофавии овозӣ хизмат расонида мешавад.
9.
Арзиши хизматрасонӣ —
0 сомонӣ.
Арзиши хизматрасонӣ
Интиқоли Мегабайтҳо тавассути «MobiБозор» —
0 сомонӣ.
Муҳим:
шартҳо ва имкониятҳои функсионалии хизматрасонӣ метавонанд аз рӯи натиҷаҳои давраи санҷишӣ пурра карда шаванд.
Интернетро бо онҳое, ки бароятон азизанд, мубодила кунед!
Маълумоти иловагӣ:
2006
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.