Муштариёни муҳтарам!
VoWiFi аз «Вавилон-Мобайл»
Аввалин бор дар Тоҷикистон — зангҳои одии овозӣ тавассути шабакаи Wi-Fi
«Вавилон-Мобайл» аввалин шуда, дар Тоҷикистон VoWiFi (Зангҳо тавассути Wi-Fi)-ро дар реҷаи санҷишӣ ба роҳ мемонад
— имконияти нав барои анҷом додан ва қабул кардани зангҳои одии овозӣ тавассути шабакаи Wi-Fi.
Бо VoWiFi (Зангҳо тавассути Wi-Fi) шумо истифодаи рақами маъмулии мобилии худро идома дода,
зангҳоро тавассути интерфейси стандартии смартфон анҷом медиҳед. Технологияи мазкур махсусан дар биноҳои дорои сохтори мураккаб,
ошёнаҳои таҳхонагӣ, биноҳои монолитӣ ва дигар ҷойҳое қулай аст, ки дар онҳо шабакаи устувори Wi-Fi дастрас мебошад.
Хизматрасониро инчунин ҳангоми сафар берун аз Тоҷикистон истифода бурдан мумкин аст.
Хизматрасонӣ дар реҷаи санҷишӣ роҳандозӣ шуд, бинобар ин шумораи пайвастшавиҳо маҳдуд аст.
Афзалиятҳои VoWiFi аз «Вавилон-Мобайл»
Зангҳо тавассути Wi-Fi бо рақами маъмулӣ
Бе насби барномаҳои иловагӣ занг занед ва зангҳоро қабул намоед.
Имкониятҳои бештар барои алоқа дар дохили биноҳо
Барои зангҳои овозӣ аз шабакаи дастраси Wi-Fi дар биноҳои дорои сохтори мураккаб,
ошёнаҳои таҳхонагӣ ва дигар ҷойҳо истифода баред.
HD Voice
Сифати баланд ва интиқоли возеҳи овоз ҳангоми суҳбат.
Муносиб ҳангоми сафар
Тавассути Wi-Fi ҳатто берун аз Тоҷикистон ҳам дар алоқа бимонед.
VoWiFi-ро чӣ гуна пайваст кардан мумкин аст?
Хизматрасонӣ
ройгон
пешниҳод карда мешавад.
Барои пайваст намудани хизматрасонӣ ба рақами кӯтоҳи
2012
занг занед.
Маълумоти муфассал ва дастурамали танзим дар пайванди зерин дастрас аст:
VoWiFi аз «Вавилон-Мобайл» — усули нави ҳамеша дар алоқа будан!