Ширкати «Вавилон-Мобайл», дар якҷоягӣ бо ҶСП «Спитамен Бонк» хизматраоснии «USSD-банкинг»-ро роҳанозӣ намуд.
USSD-банкинг - хизматрсониест, ки имкон медиҳад бо ёрии он хизматарсониҳои дурдасти бонкӣ бо истифода аз телефони мобилӣ, бидуни зарурати пайвастшавӣ ба Интернет таъмин карда шавад. Бо ворид кардани фармони *6565# Шумо маълумоти заруриро дар телефони мобилии худ мегиред.
Барои кор бо хизматрасонӣ лозим аст:
- Бояд дорандаи кортҳои пардохтии низоми миллии пардохтии «Корти миллӣ» -и дилхоҳ бонки Тоҷикистон ва инчунин кортҳои байналхалқии Visa ва UnionPay бошад, ки ҶСП «Спитамен Банк» бароварда бошад;
Аз «USSD-банкинг» танҳо баъд аз гузаштани марҳилаи бақайдгирӣ истифода бурдан мумкин аст.
Хизматрасонии «USSD-банкинг» тамоман ройгон аст.
Усулҳои бақайдгирӣ дар хизматрасонии «USSD-банкинг»:
- Замимаи мобилии «SpitamenPay» - ро дар телефонии мобилӣ аз хизматрасонии «GooglePlay» (барои Android), ё аз магазини барномаи «AppStore» боргирӣ намуда, дар идома дар сомонаи "pay.spitamen.com ба қайд гиред.
- Бо ворид шудан ба сомонаи pay.spitamen.com банди "Регистрация"–ро интихоб кунед ва дар идома маълумотномаи кортро ворид намоед.
Маълумоти муфассалтарро дар бораи хизматрасонии «USSD-банкинг» дар наздиктарин филиалҳо ё Марказҳои хизматрасониҳои Спитаменбонк ё бо рақами Call-сентр: 6565 (занги ройгон) гирифтан мумкин аст.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат