SMS (хабарҳои кӯтоҳи матнӣ)

Хабархои Кутоҳи Матнӣ

SMS (аз забони англ. Short Message Service - идораи хабарҳои кутоҳ) - ин технологияи алоқаи сотови мебошад, ки равона ва қабул кардани хабархои матниро ба воситаи телефони сотови имкон медихад.

Матн метавонад аз рамзхои алфавитӣ-адади иборат бошад. Андозаи максималии хабар дар стандарти GSM - 140 байт (1120 бит)-ро ташкил мекунад. Бо ҳамин тарз, ҳангоми истифодаи кодировкаи 7-бита (алфавити лотини ва ададхо) равона кардани хабархо бо дарозии то 160 рамз мумкин аст. Ҳангоми истифодаи кодировкаи 8-бита (забонхои немисӣ, франсавӣ) равона кардани хабарҳо бо дарозии то 140 рамз мумкин аст. Барои дастрас намудани алфавитҳои дагар милатҳо (хитоӣ, арабӣ, русӣ ва ғайра.) кодировкаи UTF-16 2-байта (16-бита) истифода мешавад. Бо хамин тарз SMS навишташудаи кириллӣ наметавонад аз 70 рамз зиёдтар бошад.

Мухлати sms-хабархои сабтшуда 24 соат, яъне дар муҳлати якшабонаруз sms-хабар дар ҳолати равона шудан мемонад, баъд аз ин хабари мазкур месузад.

Баъзе муштариёни алоқаи мобилӣ навиштани SMS-хабарро бо забони модарии худ беҳтар медонанд, аз ҳарфҳои лотинӣ (Транслит - номгуи кутох, аз калимаи «транслитерация» гирифта шудааст) истифода бурда, матни русиро бо ҳарфҳои лотинӣ, баъзан ҳатто бо адад ва бо аломатҳои дастрас равона мекунанд. Худи матни русӣ, ки бо ҳарфҳои лотинӣ навишта мешаванд, аз он сабаб аст, ки даставвал ҳарфҳои кириллӣ дар аппарати тефони мавҷуд набуд. Бо васеъ паҳн шудани телефонҳое, ки дар онҳо забони русӣ дастрас аст, инчунин навиштани SMS-хабарҳои каме дарозтар (160 бар ивази 70 рамз бо ҳарфҳои кириллӣ) бо ҳамон нарх мумкин аст.

1. SMS, аз руи қоида, дар муддати якчанд сония қабул карда мешаванд. Равонкунанда оиди расидани хабар метавонад огоҳонида шавад.
2. Равон кардани хабар ба телефони хомуш кардашуда ё берун аз хати алоқа қарордошта мумкин аст. Ҳангоми пайваст шудани адресат ба шабака у хабарро қабул мекунад. Агар равонкунанда аз қабул шудани хабар огоҳӣ ёбад, бо ҳамин тарз лаҳзаи пайдо шудани қабулкунандаро дар шабака муайян кардан мумкин аст.
3. Ба муштарие, ки айни замон бо суҳбат банд аст, хабар равона кардан мумкин аст.
4. SMS аз як телефони мобилӣ ба дигар, ба суроғаи почтаи электронӣ ва бозгашт равона мешавад.
5. Агар ҳангоми равона кардани хабар дар майдони хабар матне навишта шавад, ки аз як хабар дарозтар бошад, дар ин ҳолат ду ё якчанд sms-хабар равона карда мешавад, ки хар яктои он мувофиқи тарофаи муштарӣ (равонакунанда) ҳисоб карда мешавад.
6. Матни хабар аз ду аломат иборат аст, аз рамзҳое (аломат ё рамзҳо метавонанд «ҳарфҳо», «ададҳо», «.», «,», «як ҷои холӣ» ва гайра бошанд), ки дар майдони хабар ишора мешавад.
7. Инчунин баъзе навъҳои телефон дорои суратҳои гуногун - смайликҳо (Смайлик, смайл (англ. smiley), баъзан эмотикон (англ. emoticon), эмотиконка, эмотсион - идеограмма хастанд, ки хиссиётро тасвир менамоянд. Дар бисёр мавридхо аз аломатҳои типографӣ иборат аст. Смайлики ба воситаи Интернет ва SMS паҳн мешаванд, лекин дар вақтҳои охир дар якҷоягӣ бо «)» истифода мешаванд, ки аз рамзҳо иборат аст, масалан «ханда, шодӣ- :-)», «ғам, ғусса- :-(» ва ғайра, ки чун ҳарф ва адад ҳисоб карда мешаванд.

Барои мубодилаи SMS - хабар:

Дар ҳамоҳангсозии sms-марказ (хабарҳои кутоҳи матнӣ) ба Шумо лозим меояд, ки вобаста аз навъи телефон рақами SMS-марказ: +992918602602 ё +992981602602-ро гиред.

Навис дар бораи он чи ки бо овоз гуфта наметавони!!!


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат