Пардохти боэътимод
Ба Шумо лозим аст, ки таъҷилан занг занед, аммо дар тавозунатон маблағ кофӣ нест? Минбаъд Шумо метавонед бо хизматрасонии «Пардохти боэътимод» ҳама вақт дар алоқа бимонед!
Хизматрасонии “Пардохти боэътимод”ба муштариёне, ки тавозунашон кофӣ нест, имконияти аз алоқаи мобилӣ ба андозаи муайян истифода бурданро медиҳад. “Пардохти боэътимод” – хизматрасониест, ки имкони дар тавозун пардохти виртуалиро барои истифодаи хизматрасониҳои алоқа бо дархости Муштарӣ қабулшавандаро дорад.
Фармоишҳо барои идоракунии хизматрасонӣ:
- *303# - фаъолсозии хизматрасонии Пардохти боэътимод.
- *303*0# - гирифтани маълумот оид ба қарзи ҷорӣ дар хизматрасонӣ.
- *303*1# - ивазнамоии забони хизматрасонӣ.
- *303*3# - интихоби контент, дар доираи хизматрасонии Ҳафтранг.
- *303*5# - манъи фаъолсозии Пардохти Боэътимод.
- *303*6# - иҷозатдиҳии фаъолсозии Пардохти Боэътимод.
- *303*8# вазифае, ки муштарӣ метавонад бо кумаки он додани Пардохти Боэътимодро дар сурати риоя шудани шартҳои зерин бекор кунад:
- муштарӣ хизматрасонии контентии "Ҳафтранг" -ро, ки ҳангоми додани Пардохти Боэътимод фаъол карда шудааст, истифода накардааст;
- муштарӣ маблағи Пардохти Боэътимодро ба ӯ додашударо (қисман ё пурра) сарф накарда аст;
- пас аз бекор кардани Пардохти Боэътимод, тавозуни муштарӣ манфӣ намешавад;
- тавозун пурра ба сифр баробар намешавад - пас аз баргардонидани Пардохти Боэътимод, ҳадди аққал + 0,01 сомонӣ бояд дар тавозун боқӣ монад.
Хизматрасонии “Пардохти боэътимод” ҳамроҳ бо хизматрасонии контентии “Ҳафтранг” пешниҳод карда мешавад.
Талаботҳои ҳатмӣ ба Муштарӣ барои истифода намудани хизматрасониҳои “Пардохти боэътимод” ва “Ҳафтранг”:
- Сим-корти Муштарӣ ба шабакаи Оператор на камтар аз 30 рӯз пайваст карда шуда бошад;
- Дар лаҳзаи фармоиши пайваст намудани хизматрасонӣ тавозуни Муштарӣ на камтар аз -1 (минус як) TJS ташкил диҳад;
- Муштарӣ аз хизматрасониҳои қаблан пешниҳодшудаи “Пардохти боэътимод”, “Ҳафтранг” ва ё “Бастаи боэътимод” қарзи пардохтнашуда, надошта бошад.
Ба андозаи дастрасии “Пардохти боэътимод” ва давраи амалкунии хизматрасонии “Ҳафтранг” автоматӣ вобаста ба мувофиқати Муштарӣ ба меъёрҳои муайяннамуда,ки дар ҷадвали поён шарҳ дода шуда аст, муайян карда мешавад:
Ҳаҷми “Пардохти боэътимод”, TJS | Муддати амалии хизматрасонии «Ҳафтранг” | Меъёрҳои пешниҳод намудани хизматрасониҳои “Пардохти боэътимод” ва “Ҳафтранг” | ||
---|---|---|---|---|
Санаи бақайдгирии муштарӣ дар шабака | Маблағи умумии пур намудани тавозун дар муддати | тавозуни муштари дар вақти дархост | ||
1,50 | 1 рӯзи тақвимӣ | зиёда аз 30 рӯз | зиёда аз 15 TJS дар 30 рӯзи охир |
зиёда аз -1 TJS |
2,50 | 2 рӯзи тақвимӣ | зиёда аз 30 рӯз | зиёда аз 15 TJS дар 30 рӯзи охир |
зиёда аз -1 TJS |
5,00 | 5 рӯзи тақвимӣ | зиёда аз 90 рӯз | зиёда аз 25 TJS дар 90 рӯзи охир |
зиёда аз -2 TJS |
10,00 | 10 рӯзи тақвимӣ | зиёда аз 90 рӯз | зиёда аз 45 TJS дар 90 рӯзи охир |
зиёда аз -3 TJS |
15,00 | 15 рӯзи тақвимӣ | зиёда аз 90 рӯз | зиёда аз 75 TJS дар 90 рӯзи охир |
зиёда аз -3 TJS |
25 | 25 рӯзи тақвимӣ | зиёда аз 3 сол | зиёда аз 85 TJS дар 90 рӯзи охир |
зиёда аз -10 TJS |
30 | 30 рӯзи тақвимӣ | зиёда аз 5 сол | зиёда аз 100 TJS дар 90 рӯзи охир |
зиёда аз -15 TJS |
* Агар ба Муштарӣ якчанд андозаи меъёрҳои “Пардохти боэътимод” дастрас бошад, пас автоматӣ аз дастрасиҳои максималӣ илова карда мешавад ва инчунин хизматрасонии “Ҳафтранг” бо дастрасии давраи амалии максималӣ, пайваст карда мешавад
"Ҳафтранг" - ин хизматрасонии контентии шавқоваре аст, ки ба Муштариён имкон медиҳад, ки дар муддати амалкарди хизматрасонӣ аз мавзуъҳои гуногуни иттилоотиву шавқовар бо теъдоди номаҳдуд контент дарёфт намоянд.
Хизматрасонии “Ҳафтранг” ҳамроҳ бо хизматрасонии “Пардохти боэътимод” дар давраи муайян ва андозаи муайян, вобаста ба меъёрҳои Муштарӣ пайваст карда мешавад:
- Ҳангоми пайвасткунии "Пардохти боэътимод" ба андозаи 1,5 сомонӣ - “Ҳафтранг” ба таври худкор дар 1 рӯз пайваст карда мешавад.
- Ҳангоми пайвасткунии "Пардохти боэътимод" ба андозаи 2,5 сомонӣ - “Ҳафтранг” ба таври худкор дар 2 рӯз пайваст карда мешавад.
- Ҳангоми пайвасткунии "Пардохти боэътимод" ба андозаи 5 сомонӣ - “Ҳафтранг” ба таври худкор дар 5 рӯз пайваст карда мешавад.
- Ҳангоми пайвасткунии "Пардохти боэътимод" ба андозаи 10 сомонӣ - “Ҳафтранг” ба таври худкор дар 10 рӯз пайваст карда мешавад.
- Ҳангоми пайвасткунии "Пардохти боэътимод" ба андозаи 15 сомонӣ - “Ҳафтранг” ба таври худкор дар 15 рӯз пайваст карда мешавад.
- Ҳангоми пайвасткунии "Пардохти боэътимод" ба андозаи 25 сомонӣ - “Ҳафтранг” ба таври худкор дар 25 рӯз пайваст карда мешавад.
- Ҳангоми пайвасткунии "Пардохти боэътимод" ба андозаи 30 сомонӣ - “Ҳафтранг” ба таври худкор дар 30 рӯз пайваст карда мешавад.
Идоракунии хизматрасонии "Ҳафтранг"
Пайвастшавии хизматрасонии “Ҳафтранг” ҳамроҳ бо хизматрасонии “Пардохти боэътимод” дар роҳҳои зерин мегузарад:
дархост ба рақами *303#
СМС бо калимаи Старт ба рақами 303.
Дар ҳолати ба охир расидани амалкунии хизматрасонии “Ҳафтранг” барои Муштарӣ ба таври автоматӣ қатъ карда мешавад.
Барои гирифтани контент дар доираи хизматрасонии “Ҳафтранг” зарур аст, ки *303*3# рақамчинӣ кард ва дар USSD-меню категорияи контенти ҷолибгардидаро интихоб намуд. СМС бо контент фавран баъд аз дархост ба Муштарӣ равон карда мешавад. Аз менюи *303*3# дар муддати амали хизматрасони номаҳдуд метавон истифода бурд.
- Анекдоты
- Женские секреты
- Приметы
- Рекорды Гиннесса
- Идеи свиданий
- Афоризмы
СМС бо контент бо чидани USSD-фармон исрол мегардад.
USSD-фехрести * 303 * 3 # -ро дар давоми амали хизматрасонӣ бемаҳдуд истифода бурдан мумкин аст.
Арзиши хизматрасониҳои “Пардохти боэътимод” ва “Ҳафтаранг”, тарзи пардохт
Хизматрасонии “Пардохти боэътимод” барои муштарӣ бо нархи 0TJS пешниход мешавад.
Арзиши хизматрасонии “Ҳафтранг”-ро ташкил медиҳад:
- 0.3 TJS - дар ҳолати пайваст намудани “Ҳафтаранг” дар 1 рӯз.
- 0.5 TJS - дар ҳолати пайваст намудани “Ҳафтаранг” дар 2 рӯз.
- 1 TJS - дар ҳолати пайваст намудани “Ҳафтаранг” дар 5 рӯз.
- 2 TJS - дар ҳолати пайваст намудани “Ҳафтаранг” дар 10 рӯз.
- 3 TJS - дар ҳолати пайваст намудани “Ҳафтаранг” дар 15 рӯз.
- 5 TJS - дар ҳолати пайваст намудани “Ҳафтаранг” дар 25 рӯз.
- 6 TJS - дар ҳолати пайваст намудани “Ҳафтаранг” дар 30 рӯз.
Маблағи пешниҳоднамудаи “Пардохти боэътимод” ва арзиши хизматрасонии “Ҳафтранг” баъд аз пайваст намудани хизматрасониҳо, дар ҳолати такроран пур намудани тавозун автоматӣ ситонида мешавад.
МУҲИМ:
Бо равон кардани фармоиши *303# ва ё СМС бо матни Старт ба рақами 303 барои пайвасткунии хизматрасониҳои “Пардохти боэътимод” ва “Ҳафтранг” Муштарӣ бо шартҳои хизматрасониҳои мазкур, ки дар сомонаи Оператор тавсиф карда шудааст, инчунин дар Низомномаи пешниҳоди хизматрасониҳо, ки дар сомона дастрас аст, розигии худро баён намудааст.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат