Хизматрасонии "Ту дар куҷой?"

«Ту дар куҷоӣ?» – хизматрасонии геолокатсионӣ буда, ба муштриён имконият медиҳад, ки дар бораи мавқеи ҷойгиршавии феълии муштариёни дигари шабака маълумот ба даст оранд. Мавқеи ҷойгиршавии муштарӣ на танҳо ҳангоми муошират, балки ҳангоми дар реҷаи интизорӣ қарор доштан низ метавонад муайян карда шавад. Ба истифодабарандаи хизматрасонӣ баъд аз ирсоли дархости ҷустуҷӯӣ, SMS – паёмак бо шарҳи матнии мавқеи ҷойгиршавии муштарӣ, бо замимаи харита фиристода мешавад.

Ҳангоми фаъолгардонии нахустини хизматрасонӣ – ба муштарӣ 3 рӯз истифодабарии хизматрасонӣ бо 0 TJS пешниҳод карда мешавад.

Фаъолгардонии хизматрасонӣ

Барои фаъолгардонии хизматрасонии «Ту дар куҷоӣ?», рақами кӯтоҳи USSD *345# ворид ва тугмачаи даъват пахш карда шавад. Дар ин ҳангом, дар экрани телефон матни шодбошӣ бо номи хизматрасонӣ ва шартҳои пешниҳоди он пайдо мешавад:
«ТУ ДАР КУҶОӢ? 3 рӯз 0 TJS, минбаъд 0.60 TJS/рӯз 1>Обунашавӣ

Дар ҳолати бомуваффақият фаъолшавии хизматрасонӣ муштарӣ аз рақами хадамотии 345 SMS – огоҳкунанада, дар бораи пайвасткунии бомуваффақияти хизматрасонӣ ва шартҳои пешниҳоднамоии вай қабул мекунад.

Тарофабандӣ барои истифодабарии хизматрасонӣ.

Ба муштарӣ бо пардохти собити ҳаррӯзаи муштарӣ - 0.60 сомонӣ дар як рӯз имконият дода мешавад, ки то 10 дархостҳои ҷустуҷӯӣ ирсол намояд. Дархости аз меъёри ҷудошуда зиёд ба таври шуморагӣ тарофабандӣ карда мешаванд -0.60 сомонӣ барои ҳар як дархости ҷустуҷӯии аз меъёр зиёд.

Муайян намудани мавқеи ҷойгиршавии муштарӣ

Барои он ки мавқеи ҷойгиршавии муштарӣ муайян карда шавад, истифодабардаи хизматрасониро зарур аст, ки нахуст аз муштарӣ барои ҷустуҷӯ иҷозат гирад.

Барои ин бояд иқдомҳои зерин иҷро карда шаванд:

  • *345# - ро ворид намуда, тугмачаи даъватро пахш намоед
  • Ба феҳрести 1>Руйхати ман даромада, опсияи 0>Иловаи ракам – ро интихоб кунед.
  • Рақами муштариро ворид намуда, тугмачаи даъватро пахш кунед. Дар ин ҳангом аз рақами хадамотии 345 ба Муштарӣ- гиранда SMS-огоҳинома бо хоҳиши «ба Муштарии ташаббускор рухсат диҳед, ки дар бораи мавқеи ҷойгиршавии Шумо маълумот ба даст орад» фиристода мешавад.
  • Гирифтани иҷозат аз Муштарӣ-гиранда барои муайян намудани мавқеи ҷойгиршавии ӯ. Барои ин Муштарӣ-гиранда бояд ба SMS –и аз рақами хадамотии 345 қабулшуда, бо ворид намудани матн ба SMS паёмак посух гӯяд.
    Дар ҳолате, ки агар Муштарӣ-гиранда ба Муштарии ташаббускор иҷозати муайян намудани ҷои худро надиҳад, басанда аст, ки SMS – и қабулшударо нодида гирад. Агар Муштарӣ-гиранда дархостро тасдиқ накунад, аз Муштарии ташаббускор дигар дахост намегирад.
  • Рақами муштарие, ки барои муайян намудани мавқеи ҷойгиршавиаш иҷозат медиҳад, ба таври худкор ба бахши «Меню» 1>Руйхати Ман и 2>Ёфтан илова карда мешавад.

Минбаъд, барои он ки мавқеи ҷойгиршавии муштарӣ муайян карда шавад, басанда аст, ки истифодабарандаи хизматрасонӣ *345# -ро барои даъвати феҳрести хизмарсонӣ ворид намуда, ба бахши 2>Ёфтан дарояд ва рақамро аз рӯйхати интихоб карда, рақами мувофиқи тартибии онро пахш кунад.

Маҳдудият барои шумораи дархостҳои ҷустуҷӯии ирсолшаванда пешбинӣ нашудааст. Бо кӯмаки хизматрасонии «Ту дар куҷоӣ?» мавқеи ҷойгиршавии шумораи номаҳдуди Муштарӣ-гирандаҳоеро, ки барои ҷустуҷӯ иҷозат додаанд, ва инчунин ҷои ҷойгиршавии худро муайян намудан мумкин аст.

Намунаи ҷавоб барои дархости ҷустуҷӯӣ

Дар сурати иҷрои бомуваффақияти дархости ҷустуҷӯӣ истифодабарандагони SMS бо матни тавсифкунандаи мавқеи ҷойгиршавии муштарӣ ва замимаи харитаро қабул мекунанд.

Агар дар лаҳзаи ирсоли дархости ҷустуҷӯӣ муштарии ҷустуҷӯшаванда берун аз шабака қарор дошта бошад ё телефонаш хомӯш карда шуда бошад, истифодабарандаи хизматрасонӣ SMS-ба маънии зер қабул мекунад:
«Дархост иҷро нашуд. Муштарии +992ХХХХХХХХХ берун аз минтақаи фаъолият қарор дорад ва ё телефонаш хомӯш карда шудааст.Баъдан такрор кунед. Хизматрсонии «Ту дар куҷоӣ? *345#.»

Муштарие, ки мавқеи ҷойгиршавиаш муайян шудааст, SMS-огоҳиномаи зерин дар бораи далели муайян намудани мавқеи ҷойгиршавии ӯ мегирад.
«{сана} {вакт} Муштарии +992ХХХХХХХХХ мавқеи ҷойгиршавии ҳозираи Шуморо муайян кард. Агар Шумо қабули чунин SMS-ро қатъ намудан хоҳед *345**3#-ро ворид намоед. Хизматрасонии «Ту дар куҷоӣ?» *345#.»

Дидани шумораи дархостҳое, ки барои ҷустуҷӯ пешниҳод шудаанд

Дилхоҳ муштарӣ метавонад дар бораи рақамҳое, ки пештар барои муайян намудани мавқеи ҷойгиршавиии худ ба воситаи хизматрасонии «Ту дар куҷоӣ?» дода буд, маълумот гиранд.

Муштариёне, ки хизматрасониро фаъол кардаанд, метавонанд рӯйхати рақамҳоеро, ки пештар барои муайян намудани мавқеи ҷойгиршавӣ дода буданд, бо гирифтани рамзи хадамотии *345# ва ворид шудан ба 3>Маро мебинанд ба даст оранд.

Муштариёне, ки хизматрасониро фаъол накардаанд, рӯйхати рақамҳоро метавонананд бо гирифтани рамзи хадамотии *345**1# ва ворид шудан ба рӯйхати 2> Маро мебинанд ба даст оранд.

USSD-фармоишҳо

Ба воситаи USSD-фармоишҳо, ба истифодабарандагони хизматрасонӣ усули оддӣ ва муносиби кор бо фаъолияти асосии «Ту дар куҷоӣ?», бе зурурияти ворид шудан ба USSD-феҳрести хадамотӣ пешниҳод мешавад. Рӯйхати шорт-рамзҳо:

  • *345**9XXYYYYYY# - дархост ба:
    1. иҷозати муайян намудани мавқеи ҷойгиршавии муштарии нишондодашуда
    2. муайян намудани мавқеи ҷойгиршавии муштарии нишондодашуда
  • *345**9XXYYYYYY*0# - манъи муайян намудани мавқеи ҷойгиршавӣ барои муштарии нишондодашуда
  • *345**3# - қатъи SMS-паёме, ки муштариро дар бораи мавқеи ҷойгиршавии ӯ огоҳ мекунад
  • *345**4# - пайвастнамоии SMS- паёме, ки муштариро дар бораи мавқеи ҷойгиршавии ӯ огоҳ мекунад *345**00# - қатъи хизматрасонӣ
  • *345*00# - қатъ намудани хизматрасонӣ

Тағйири забони хизматрасонӣ

Барои иваз намудани забони хизматрасонӣ ворид намудани *345# оид ба даъвати феҳрести хадамотӣ, баъдан ворид шудан ба бахши 4>Идора 2>Забонро интихоб кунед талаб карда мешавад. Хизматрасонӣ бо ду забон дастрас аст: тоҷикӣ ва русӣ.Манъи муштарӣ барои муайян намудани мавқеи ҷойгиршавӣ Барои ба муштарӣ манъ намудани мавақеи ҷойгиршавӣ рақами хадамотии *345# -ро гирифта, ба рӯйхати 4>Маро мебинанд, ворид шудан зарур аст, дар идома рақами зарура ва баъдан опсияи 1>Хориҷ кардан – ро интихоб кунед.

Муштариёне, ки хизматрасониро фаъол накардаанд, руйхати «Маро мебинанд» -ро метавонанд бо ворид намудани рақами хадамотии *345**1# ба даст оранд.

Гирифтани маълумот дар бораи шартҳои пешниҳоди хизматрасонӣ

Маълумот дар бораи шартҳои пешниҳоди хизматрасонӣ дар сомонаи оператори Babilon-Mobile, бо суроғаи www.babilon-m.t дастрас аст. Шарҳи мухтасари хизматрасониро низ метавон аз феҳрести хадамотӣ ба даст овард:

  • барои муштариёне, ки хизматрсониро фаъол кардаанд: *345# «даъват» 4>Идора 1>Маълумот
  • барои мушатриёне, ки хизматрасониро фаъол накардаанд: *345# «вызов»

Катъи хизматрасонӣ

Барои он ки хизматрасонӣ қатъ карда шавад, зарур аст, ки ворид карда шавад: *345# «даъват» 4>Идора 3> Хомуш кардан.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат