Бо ёрии «Конфронс-алоқа» Шумо метавонед якчанд гуфтугӯро ба конференсия гузаронед, иштирокчии навро пайваст кунед, иштирокчиро ҷудо кунед, гуфтугӯро бо яке аз иштирокчиёни конференсия гузаронед, конференсияи пайвастбударо дар низоми интизори занг гузошта, метавонед ба ягон ҷо занг занед.
Барои кор фармудани хизматрасонии «Конфронс-алоқа» пайваст намудани хизматрасонии «Интизори зангҳо» зарур аст.
Таваҷҷух! Телефони мобилии Шумо бояд ба хизматрасонии «Конфронс-алоқа» дастрас бошад. Дар ин ҳолат он алгоритми шахсии худро барои истифодаи хизматрасони дорост (маълумоти телефони мобилиатонро нигаред) ва ба Шумо дар хотир гирифтани фармоиши мувофик омадани рақамхо зарур нест - Шумо метавонед бо ёрии меню-и телефон аз ин хизматрасонӣ истифода баред.
Ташкил кардани «Конфронс-алоқа»:
1. Ба иштирокчии 1-ум занг занед. Низоми «Интизори занг»-ро пайваст кунед - 2.
2. Ба иштирокчии 2-юм занг занед (дар ин ҳолат иштирокчии 1-ум дар боздошт қарор дорад).
3. Конференсияро сар кунед (3 гуфтугӯро пайваст намоед: Шумо + иштирокчии 1-ум + иштирокчии 2-юм) - 3.
4. Барои даъват кардани як муштарии дигар, (2) муштарӣ метавонад телефони худро ба низоми боздошт (удержание) гузаронида, ба муштари (3) занг занад. Қадамҳои 2 ва 3-ро такрор кунед.
5. Бо хамин тарз Шумо ва ҳамсӯҳбататон метавонед миқдори сӯҳбаткунандагонро то ба 6 нафар расонед.
6. Барои қатъ кардани сеанси «Конфронс-алоқа» тугмаи хомуширо пахш кардан лозим аст: 2, 1 и вызов.
7. Ҳангоми хоҳиши гуфтугӯ кардан бо яке аз иштирокчиёни сеанс тугмаи 2-ро метавонед пахш кунед ва рақами тартибии иштирокчиро гирифта, тугмаи даъватро пахш кунед.
8. Масалан, агар Шумо хоҳиши гуфтугӯ карданро бо иштирокчии 1-уми ба конференсия пайвастшуда дошта бошед, рақами 2, баъдан 1-ро гиред пахш кунед.
9. Шумо метавонед байни сӯҳбати шахси ва конференсия бо навбат пайваст шавед, рақами 2 гиред пахш кунед. Сӯҳбати махфиатон бо яке аз иштирокчиён ба низоми интизорӣ гузаронида мешавад, дар ин ҳолат Шумо конфронс-алоқаатонро бо дигар иштирокчиён идома медиҳед.
10. Агар Шумо хоҳиши қатъ кардани иштироки яке аз муштариёнро дар конференсия дошта бошед, раками 1, баъдан раками тартибии иштирокчиро гирифта пахш кунед. Масалан, агар Шумо хоҳиши қатъ кардани гуфтугӯро бо шахсе, ки 3-ум ба конференсия пайваст шуда буд, дошта бошед, рақами 1, баъдан 3-ро гирифта пахш кунед.
Арзиши хизматрасони
Зангҳое, ки якчанд пайвастшавиро дар назар доранд (боздошт/интизори зангҳо, конфронс-алоқа) мувофиқи миқдори пайвастшавиҳои муқарраршуда ва тарофа пардохт карда мешаванд.
ҲАЛЛИ МАСЪАЛА БЕРУН АЗ ОФИС!
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат