Тавозуни маро пур намоед

Хизматрасонии «Тавозуни маро пур намоед»

Хурсандона хабар медиҳем, ки минбаъд ба Шумо имконияти фиристодани USSD–фармон бо дархости пур намудани тавозуни худ ба дилхоҳ муштарӣ пайдо шуд.

  • *10*1*Рақами муштарӣ# – барои дархост ба забони тоҷикӣ.
  • *10*2*Рақами муштарӣ# – барои дархост ба забони русӣ.
  • *10*3*Рақами муштарӣ# – барои дархост ба забони англисӣ.

Баъди интиқоли USSD–фармон ба телефони муштарие, ки Шумо дархост фиристодед SMS бо матни зерин ворид мешавад:

«Лутфан, тавозуни маро пур намоед.
Тавозуни ҷорӣ – XX.XX somoni »
Арзиши хизматрасонӣ 0 сомонӣ!

Эзоҳ: Ирсоли дархост ба ҳамаи муштариёни амалгарони мобилии ҶТ ва инчунин амалгарони байналхалқӣ имконпазир аст.
*SMS–дархост танҳо ба амалгарони байналхалқие фиристода мешавад, ки имконияти қабули SMS–и оддиро доранд.

Озодона муошират намо!


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат