Иваз намудани суроғаи даъват

Хизматрасонии мазкур ба муштариёне, ки дорои ҳама тарофаҳо мебошанд, пешниҳод карда мешавад.

Хизматрасонии гузариши зангҳо имкон медиҳад, ки ҳама зангҳои даромадро ба ҳама гуна рақами телефони дигар гузаронед. Зангҳое, ки ба телефони мобилии Шумо равона шудаанд, метавонанд ба телефони шаҳрӣ, ё телефони дигари мобилӣ ва ё почтаи овозӣ гузаронида шаванд. Гузариши зангҳои муқарраркардаи Шумо барои зангҳои даромад, занги баромад карданро аз телефони мобилиатон халалдор намешавад.

Барои муқаррар кардани гузариши зангҳо чунин амалҳоро бояд анҷом дод:

  • Фаъол кардани хизматрасонӣ **коди гузариш*918XXXXXX# ва **коди гузариш*98XXXXXXX#
  • Хомӯш кардани хизматрасонӣ ##коди гузариш#
  • Тафтиши ҳолати хизматрасонӣ *#коди гузариш#

Кодҳои хизматрасонии гузариши зангҳо:

  • 21 – Гузариши ҳама зангҳо
  • 61 – Агар телефон ҷавоб надиҳад, **код*рақами телефон# ё **код*раками телефон**вақт#-ро гирифтан лозим аст
  • 62 – Агар телефон берун аз хати алоқа қарор дошта бошад
  • 67 – Дар ҳолати банд будани телефонатон

Таваҷҷӯҳ! Дастурамалҳое, ки дар поён оварда шудаанд, метавонанд бо ҳама гуна дастгоҳҳои стандартии GSM истифода шаванд. Аммо бисёре аз навъи телефонҳо барои аз хизматрасонии мазкур истифода кардан менюи соддаи амали худро доранд (нигаред ба дастури телефонатон).

Арзиши гузариш: Ҳама зангҳои гузаронидашуда чун занги баромад аз телефони мобилии Шумо ба рақами гузаронидашуда хисоб карда мешавад.

Таваҷҷӯҳ! Истифодаи хизматрасонии «Гузариши зангҳо» дар роуминг метавонад сабаби дучанд зиёд шудани пардохт бо тарофаҳои байналмилалӣ гардад, аз ҳамин сабаб маслиҳат дода мешавад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии роуминг ҳама гуна гузариши зангҳоро хомӯш кардан зарур аст.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат