SMS-банкинг бо ҶСК "Ориёнбонк"

Ширкати «Вавилон-Мобайл» дар якҷоягӣ бо ҶСК «ОРИЁНБОНК» хизматрасонии «SMS-банкинг»-ро ба истифода дод.
Бо кӯмаки хизматрасонии «SMS-банкинг», соҳиби корти плостикӣдар вақти дилхоҳ метавонад дар бораи тавозун ва мӯҳлати амали корт маълумот ба даст орад, сари вақт аз амалҳои ғайрирасмӣ дар суратҳисоби он пешгирӣ намояд ва дар сурати зарурият корти худро лағв созад.

Усулҳои аъзо шудан ба хизматарсонии SMS-Банкинг ҶСК «ОРИЁНБОНК»:

  • Бо роҳи обуна шудан ба хизматрасонии «SMS-банкинг» дар портали https://www.homebank.tj/
  • Бо кӯмаки Call-Center ҶСК «ОРИЁНБОНК» бо телефони +992 (44) 600-37-17
  • Бо кӯмаки бонкоматҳои ҶСК «ОРИЁНБОНК»

Сервис ду навъи хизматрасониро дар бар мегирад:

  1. «Сервисҳои фаъол» ва «SMS-огоҳинома»
    1. Бо кӯмаки хизматрсонии «Сервисҳои фаъол», Шумо метавонед мустақилона ҳама гуна амалиётҳои дар корти плостикӣ гузаранда, аз қабили пур намудани тавозун ва хароҷотҳои онро ба воситаи ирсоли SMS-хабар ба рақами кӯтоҳи 5555 назорат намоед.
    2. Бо кӯмаки хизматрасонии «SMS-огоҳинома»: Шумо метавонед ба таври худкор дар бораи ҳамаи амалиётҳои дар корт гузаронидашуда ба воситаи SMS-хабар дар телефони мобилии худ маълумот ба даст оред:
    3. SMS-огоҳӣ оид ба ҳамаи кортҳои Шумо (агар Шумо якчанд корт дошта бошед) ё роҷеъ ба як корт;

Муштариёни ҶСП «Вавилон-Mобайл»-ро зарур аст:

  1. Барои гирифтани маълумот дар бораи бақияи тавозуни корти плостикӣ, SMS хабар бо матни - balXXXX ба рақами 5555 ирсол намоед . Дар ҷавоб ба SMS – дархост маълумот дар бораи тавозун дар корти плостикӣ ба телефони шумо ворид мешавад.
  2. Барои гирифтани мини-иқтибос дар бораи 10 амалиёти охирин роҷеъ ба корт, SMS-паёмак бо матни stmхххх ба рақами 5555 ирсол намоед.
  3. Барои лағви картҳо басанда аст, ки SMS-паёмак бо матни blockхххх ба рақами 5555 ирсол карда шавад.

* Дар матн ба ҷойи XXXX чор рақами охирини корти плостикии худро нависед.

Арзиши ирсоли SMS-паёмак ба рақами 5555, хамчун 1 SMS мутобиқи нақшаи тарофавии Шумо ҳисоб карда мешавад.
SMS-паёмаки воридотӣ барои муштарӣ пулакӣ аст.
Пардохти SMS-Банкинг мутобиқи Тарофаи Бонк, ки дар санаи истифодабарӣ амал мекунад ва - 0,80 в.ш. дар як моҳ ташкил медиҳад, гузаронида мешавад.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат