Рӯйхати «Сиёҳ» ва «Сафед» барои зангҳои баромад

Рӯйхати «Сиёҳ» имкон медиҳад, ки зангҳои баромади рақамҳои қаблан дар рӯйхат ворид кардаро, муҳосира намоед.

Рӯйхати «Сафед» имкон медиҳад, ки танҳо ба рақамҳое занг занед, ки ба рӯйхати мазкур ворид карда шудаанд. Яъне Шумо танҳо метавонед ба муштариёне занг занед, ки онҳоро дар ин руйхати «Сафед» дохил намудаед.

* Масалан, ин хизматрасониро мумкин аст ба кӯдакон ба кор даровард, ки онҳо танҳо ба рақамҳои заруртарин ва лозимӣ зангҳоро амалӣ гардонанд: ба падару модарон, хешу табор ва рафиқонашон. Ин имкони назорати хароҷотҳои худро медиҳад. Зимни ин, дар ҳарду маврид ҳама зангҳои даромад дастрасанд.

* Агар Шумо аллакай филтри «Рӯйхати сиёҳ»-ро насб намуда бошед, ҳамаи зангҳои баромади манъшуда назар ба насбкардамешуда дорои афзалияти камтар мебошанд.

Имкониятҳои Хизматрасонӣ

  • Насб намудани вақт амал маҳдуд аст (бо вақтҳои шабонарӯзӣ, рӯзҳои ҳафта ва эҳтимолияти насбнамоии вақти муайян);
  • Интихоби қоидаи коркарди дархостҳо (Манъ кардани дархостҳо ё Иҷозат додани додани дархостҳо);

Нархгузорӣ

Бо аксиз (7%) ва ААИ (15%)
Пайвастшавӣ0 сомони
Пардохти моҳона *3,47 сомони

* Пардохти моҳона дар рӯзи пайваст шудан ба хизматрасонӣ, инчунин дар рӯзи 1-уми моҳи тақвимӣ гирифта мешавад.

Ба кор даровардан/хомӯш кардан

  • Тавассути USSD:
    • Ба кор даровардани хизматрасонӣ - *2004#71#
    • Хомӯш кардани хизматрасонӣ - *2004#70#
    • Тафтиши ҳолати хизматрасонӣ - *2004#7*#
  • Тавассути ИСУУ:
    1. Ба истиноди http://ecare.babilon-m.tj/ гузаред
    2. Рақам ва рамзро ворид намуда тугмаи «Даромад ба система»-ро пахш намоед
    3. Банди менюи «Тағйир додани рӯйхати хизматрасониҳо» интихоб намоед
    4. Дар рӯйхат хизматрасонии IN Call Guard-ро барои дархостхои баромад ёбед
    5. Аломати «+» -ро аз тарафи чапи номи хизматрасониҳо пахш намоед.
  • Тавассути Шуъбаи муштариён

Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат