Хизматрасонии «Интернети мобилӣ» - ба муштариёни «Вавилон-Мобайл» имконият медиҳад, ки тариқи телефони мобилӣ дар вақти дилҳоҳ ва ҷои дилҳоҳ аз Интернет истифода баранд.
Барои он ки аз хизматрсонии Интернети мобилӣ ва MMS истифода бурда шавад, телефони мобилӣ бояд роҳандозӣ карда шавад.
Суръати дастёбӣ ба Интернет вобаста аст ба низоммеъёре, ки телефони мобилии Шумо доро аст:
Ширкати «Вавилон-Мобайл» барои самаранок истифода бурдани Интернети мобилии баландсуръат тарофаҳои махсуси «3G MobiNET» - ро пешниҳод менамояд. Агар Шумо USB-модем ё худ телефонии дорои низоммеъёри HSDPA дошта бошед, метавонед хеле осон SIM–корти худ ё худ SIM-корти (MobiCard)-ро гузошта суръати рекордии Интернетро то 7,2 Мбит/с. дастрас намоед. Созгорӣ бо навтарин шабакаи технологияи муосири HSDPA ҳамаи бартариҳои Интернети мобилиро аз қабили роҳандозии мусиқӣ, тамошои видеоклипҳо ва ғайра ва инчунин қабул ва ирсоли почтаи электрониро бо суръати ғайричашмдошт барои муштариён таъмин менамояд. Диққат!
Диққат!
- Суръати Интернет аз ландшафт, архитектураҳо, иморат, Тарҳи бино ва пурбории шабака вобаста аст.
- Барои ба суръати баланди то 7,2 Мбит/с муваффақ шудан телефонии Шумо бояд низоммеъёри HSDPA дошта бошад.
- Арзиши трафики Интернет аз нақшаи тарофавии Шумо вобаста аст.
- Кортҳои фазои иҳорташудаи шабакаро дар нишонии http://www.babilon-m.com/coverage/ дарёфт намоед.
- Тарофаҳои «3G Mobi Net»-ро дар нишонии http://www.babilon-m.com/tarifs/ пайдо намоед.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат