MMS (Паёмакҳои бисёрмуҳита)

MMS (англ. Multimedia Message Service — хадамоти паёмакҳои чанмуҳита) — ин низоми интиқол/қабули паёмакҳои бисёрмуҳита (акс, оҳанг, видео) мебошад.

Дар шабакаҳои алоқаи кандуӣ, паёмакҳоеро MMS меноманд, ки ба истиснои матни оддӣ метавонанд, нақш, сурат, видео, матнҳои овозӣ, мусиқӣ, хабарҳои фишурда ва ғайраро дар бар мегирад.

MMS – паёмак имконият медиҳад, ки дилхоҳ навъи контентро интиқол диҳед (Контент – воҳиди ягонаи ченак барои алоқаи мобилӣ – мусиқӣ, акс, бозӣ ва ғайра).

Контент (англ. content — мундариҷа) — дилхоҳ мафҳуми иттилоотӣ (пурмазмунӣ), ки бо манбаи иттилоотӣ пур аст (масалан, веб-сайт) — матнҳо, ҳарфҳо, мултимедиа) ва имконият медиҳад, ки MMS-паёмак ҷой карда шавад. Ба фарқ аз SMS, ки андозаи ирсол бо якчанд байт маҳдуд мешавад, меъёр дар андозаи MMS-паёмак дар баъзе телефонҳои кандуӣ то 100 килобайт ва дар моделҳои нисбатан нави смартфонҳо то 300 Кб-ро ташкил медиҳад.

Пешниҳоди хизматрасонии GPRS/MMS дар телефонҳои мобилии бе сертифакат кафолат дода намешавад.

Хизматрасонии "GPRS MMS" ба муштарӣ ҳангоми пайвастнамоӣ/гузаштан ба дилхоҳ нақшаи тарофавии тиҷоратии пешниҳодкуннадаи хизматрасониҳои овозӣ ба таври худкор пайваст карда мешавад.

Ҳангоми қарздор будан MMS–ҳои воридотӣ дастрасанд.

Тарофабандӣ/мӯҳлати истифода

Новобаста аз мавқеи ҷойгиршавии муштарии қабулкунанда барои SMS/MMS маблағ фавран ситонида мешавад.

Дар ҳолати дастрас набудан ва ё хомӯш будани телефони муштарӣ SMS/MMS дар система баъд аз 24 соат аз лаҳзаи ирсоли Тарофабандӣ/мӯхлати истифода нобуд мешавад.

Мӯҳлати амали паёмакҳои матнӣ, бисёрҷабҳавӣ (Ба Шумо занг заданд) ва «лутфан ба ман занг занед» 24- соатро ташкил медиҳад.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат