Хизматрасонии «Интизори занг» дар вакти гуфтугӯ кардан бо телефони мобилӣ имкони қабули занги дуюмро медиҳад. Шумо занги на чандон баландро мешунавед, ки маънои ба Шумо занг зада истодаандро дорад. Дар ин ҳолат, муштарие, ки рақами Шуморо гирифта, занг зада истодааст, ҷавоби автоинформатор-ро мешунавад: «Дар айни замон муштарӣ банд аст, лутфан дар хати алақа монед», сипас занги оддии дарозро мешунавед.
Бо шарофати «Боздошти занг» Шумо метавонед зангзадаи якумро дар хати алоқа монда, ба дуюм гузаред, то он даме, ки ба якум бознагардед. Ғайр аз ин, хизматрасонии мазкур ҳангоми гуфтугӯ бо як ҳамсӯҳбат, гирифтани рақами дигар ва пайваст шудани пай дар пайи байни онҳоро имкон медиҳад.
Хизматрасонии «Интизори занг»-ро дар якҷоягӣ бо хизматрасонии «Конфрос-алоқа» истифода бурдан мумкин аст.
Реҷаи интизори занг, ҳангоми гуфтугӯ бо муштарии дигар, ба занги даромад (ё занг задан ба муштарии дигар) имкони ҷавоб доданро медиҳад ва боздошти занги омада, то ба охир расидани занги равона, яъне, бо навбат гуфтугӯ кардан бо ду муштариро имкон медиҳад.
Хизматрасони мустақилона дар меню-и телефони Шумо ё бо USSD-фармоиш муқаррар карда мешавад:
- Барои пайваст кардан: *43# тугмаи даъват
- Барои хомӯш кардан: #43# тугмаи даъват
- Тафтиши ҳолат: *43*# тугмаи даъват
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат