Call Register (Маълумот дар бораи зангҳои воридшуда)

Call Register (Ба Шумо занг заданд) - системаи огохи оиди зангхои гузашта, дар холатхое, ки муштари «Банд», «Чавоб намедихад», ё ин ки «Берун аз хати алока» мебошад. Барои ин ракамгузарониро ба раками: +992918602007 мукаррар кардан лозим аст. Пас аз ба кор шуруъ намудани ракамгузарони, дар яке аз параметрхои интихобшуда, ба муштари SMS - огохнома аз раками 2007 бо матни «Ба Шумо занг заданд», баъд аз он раками зангзада, вакт ва санаи занг нишондода мешавад, инчунин шумораи зангхое, ки дар мухлати як дакика аз як ракам карда шуда буданд.

Барои пайваст/хомуш кардан ва тафтиши статуси хизматрасонии Call Register фармоиши зеринро гирифтан лозим аст:

Пайваст кардан: **коди ракамгузарони*+992918602007#

Хомуш кардан: ##коди ракамгузарони#

Тафтиши пайваст шудани хизматрасони: *#коди ракамгузарони#

Кодхои хизматрасонии ракамгузарони:

21 - Ракамгузарони барои хама зангхо: **21*+992918602007#

61 - Дар холати чавоб надодани телефон: **61*+992918602007**вакт#

Агар дар вакти муайяншуда чавоб дода нашавад, дар ин холат занг аз як ракам ба раками дигар гузаронида мешавад. Мархилаи вакт мумкин аст 5, 10, 15, 20, 25, 30 сония бошад. Агар Шумо вактро муайян нанамоед, дар ин холат параметр дар 30 сония бо тарзи автоматики мукаррар мешавад.

62 - Агар телефон берун аз хати алока карор дошта бошад: **62*+992918602007#

67 - Агар телефон банд бошад: **67*+992918602007#

002 - барои хомуш кардани хамагуна ракамгузарони: ##002#

004 - барои пайваст намудани ракамгузарони бо кодхои 61, 62, 67: **004*2007#

Инчунин, хизматрасонии Call Register (Ба Шумо занг заданд) огох кардани муштарии зангзадаро оиди пайваст шудани муштариро ба хати алоқа имкон медиҳад. Яъне, дар ҳолати «Дастнорас будан», ё ин ки «Берун аз хати алока» будани муштари, ба муштарии зангзананда SMS - хабар аз раками 2007 оиди пайваст шудани муштари ба хати алока меояд.

Барои пайваст кардани SMS - хабар «Муштари дар хати алока»:

SMS - хабарро ба раками 2007 бо матни А1 (бо харфхои лотини) равона кардан лозим аст.

Барои хомуш кардани SMS - хабар «Муштари дар хати алока»:

SMS - хабарро ба раками 2007 бо матни А0 (бо харфхои лотини) равона кардан лозим аст.

SMS - хабар «Муштари дар хати алока» барои зангзанандагон танхо дар дохили шабака меояд.

Хизматрасонии Call Register (Ба Шумо занг заданд) 0 сомонӣ аст!


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат