Мо бо хурсандӣ ба шумо иттилоъ медиҳем, ки «Вавилон-Мобайл» бо «Сбербанк»-и Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ имзо ба имзо расонид.
Минбаъд, ҳатто вақте ки шумо аз зодгоҳи худ Тоҷикистон дур ҳастед, имконият доред, ки тавозуни хешовандон ва дӯстони худро аз Федератсияи Россия бо истифода аз замимаи «Сбербанк Онлайн» сари вақт ва босамар пур кунед.
Барои пардохт, ба Шумо лозим аст, ки замимаи «Сбербанк Онлайн»-ро зеркашӣ ва насб намоед, дар идома:
- Барномаро ба истифода диҳед
- Ба ҷадвали «Платежи» гузаред
- Опсияи «Мобильная связь»-ро интихоб кунед
- Оператори «Вавилон-Мобайл»-ро интихоб кунед
- Рақами телефон ва миқдори зарурии пардохтро нишон диҳед
- «Продолжить»-ро интихоб кунед
- Пардохти худро тасдиқ кунед
* Инчунин метавон тавозуни муштариёни «Вавилон-Мобайл» -ро тавассути офисҳои расмии хидматрасонӣ, инчунин шабакаи банкоматҳо / терминалҳои Сбербанки Федератсияи Россия пур кунед.
Комиссия – 0%.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат