Минбаъд муштариёни ширкати «Вавилон-Мобайл» новобаста ба ҷойи ҷойгиршавиашон, метавонанд аз муоиширати бемаҳдуд бо хешовандону наздикон лаззат баранд!
Дар бораи дақиқаҳо фикр накарда, дар дохили шабака сӯҳбат намоед!
Фармонҳо барои идоранамоии хизматрасонии "MobiZero-Тоҷикистон":
- Пайвастшавӣ: *160*1#
- Қатънамоӣ: *160*0#
- Тафтиши ҳолати хизматрасонӣ: *160#
Пардохти ҳаррӯза барои хизматрасонии "MobiZero-Точикистон" - 0,6741 сомонӣ бо назардошти аксиз ва ААИ.
Эзоҳ:
- Муҳлати ҳисоби пардохти муштарӣ - ҳаррӯза.
- Ситонидани пардохи ҳаррӯзаи навбатӣ ба таври худкор анҷом дода мешавад, ба шарте, ки суратҳисоб маблағи кофӣ дошта бошад.
- Дар ҳолати кофӣ набудани тавозун барои ситонидани пардохти муштарӣ барои хизматрасонӣ, зангҳо аз тавозун, мутобиқи тарофаи муштарӣ нархгузорӣ карда мешаванд.
- Зангҳо = 0 сомонӣ танҳо барои зангҳои овозӣ. Зангҳои видеоӣ мутобиқи нақшаи тарофавӣ муштарӣ.
- Хизматрасонӣ дар тарофахои зерин дастрас аст: Дастрас, Оддӣ, Фоиданок, Суғдиен, Бадахшон, Сайеҳ Муфид , Бемалол, Бемалол-5, Ҷавонон , Махсус, Фаъол, Бобарор, Тоҷирон, ба ғайр аз ҷадвали нақшаҳои тарофавии "MobiNet".
- Новобаста ба он, ки пардохти ҳаррӯза барои пешниҳоди захираҳо дар кадом вақт ситонида шудааст, муҳлати амалӣ захираҳои пардохтшуда то соати 23:59:59 мебошанд.
- Хизматрасонӣ танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
- Тамоми нархҳо бо назардошти аксиз (7%) ва ААИ (14%) оварда шудаанд.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат