Мо оид ба рушди технология, афзалиятҳои асосии eSIM ва имкони хариди eSIM дар «Вавилон Мобайл»-ро нақл мекунем.
Дар телефонҳои мобилии нахустин тамоман SIM корт мавҷуд набуд. Онҳоро оператор барномарезӣ мекард ва ҳама маълумот дар хотираи дастгоҳ ҳифз мешуд - иваз кардани оператор имконнопазир буд. Соли 1991 як пораи пластикӣ бо микросхема пайдо шуд, ки аз як телефон ҷудо карда, ба телефони дигар гузоштани он имконпазир шуд. Бо гузашти солҳо, ин технология хеле мусоид буд. SIM - кортҳо асосан дар телефонҳо ва модемҳо истифода мешуданд. Онҳо хеле кам аз як ҷо ба ҷои дигар мегузоштанд, бинобар ин ягона чизе, ки тағйир меёфт, андоза буд. Ба ҷои SIM-кортҳои ҳаҷмашон пурраи (1 FF), ки дарозӣ ва паҳноиашон мутаносибан 85,6 ва 53,98 мм буданд, иваз карда шуданд:
- 2FF – mini-SIM – 25 х15 мм;
- 3FF – micro-SIM – 15 х 12 мм;
- 4FF – nano-SIM – 12,3 х 8,8 мм.
Рӯйхати дастгоҳҳое, ки дар он eSIM пешбинӣ шудааст, чандон васеъ нест, аз ин рӯ на ҳама соҳибони смартфонҳо аз ин технология истифода бурда метавонанд. eSIM-ро баъзе смартфонҳои Apple ва Google, Samsung ва Huawei, инчунин якчанд планшетҳои Apple дастгирӣ мекунанд.
Моделҳои дастгоҳҳое, ки технологияи eSIM-ро дастгирӣ мекунанд (ин рӯйхат бо назардошти баровардани ширкатҳое, ки телефонҳои мобилӣ, планшетҳо ва дигар гаҷетҳоро истеҳсол мекунанд) нав карда мешавад:
- iPhone XS, XS MAX, XR, 11, 11 Pro, 11 Pro Max;
- Google Pixel 3, 4;
- Microsoft Surface Pro 5 и 6.
- iPad Air 3, iPad mini 5, iPad Pro (версияи сеюм), версияи моделҳо бо дастгирии LTE;
Барои пайвасткунӣ / ивазкунӣ ба еSim муштариро лозим аст, ки ба шӯъбаи мушатриён ва ё намояндагии ширкат муроҷиат намояд.
Арзиши пайвасткунӣ / ивазкунӣ бо назардошти ҳамаи андозҳо 30 сомонӣ.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат