Вокуниш ба маводи Азия Плюс: - “Как плохой и дорогой интернет ставит крест на получении образования в регионах Таджикистана?” аз 19.08.2024 (asiaplustj.info/ru).
ҶСП “Вавилон-Мобайл”, зимни ибрози эҳтиром, чунин иттилоъ медиҳад, ки ширкат маводи “Азия Плюс”: - “Как плохой и дорогой интернет ставит крест на получении образования в регионах Таджикистана?”-ро, ки 19.08.2024 дар сомонаи asiaplustj.info/ru чоп шуд, мавриди баррасӣ қарор дод. Дар мавод омадааст, ки суръати Интернет дар деҳаи Пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ниҳоят паст буда, имкон намедиҳад, ки муштариён тавассути Интернет барномаҳои мактабиро аз худ кунанд.
Омӯзиш нишон дод, ки алоқа ва Интернети “Вавилон-Мобайл” дар деҳаи Пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ба муштариён бо ду Пойгоҳи базавии ширкат таъмин карда мешавад. Пойгоҳи базавии якум “Горнизон Нассосная”, дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ ҷойгир аст, ки тавассути он деҳаҳои гирду атроф, аз ҷумла деҳаи Пахтакор бо алоқа ва Интернет бо стандартҳои 2G, 3G, 4G LTE таъмин карда мешавад.
Пойгоҳи базавии дуюм, “Обчакорон” ном дошта, дар деҳаи Обчакорони ҷамоати деҳоти Чимтеппа ҷойгир аст. Пойгоҳи мазкур низ деҳаҳои гирду атроф, аз ҷумла деҳаи Пахтакорро бо алоқа ва Интернет пурра таъмин мекунад. Пойгоҳи “Обчакорон” бо истгоҳҳои стандартҳои 2G, 3G ва 4G LTE муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Қобили зикр аст, ки деҳаи Пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ бо алоқа ва Интернети “Вавилон-Мобайл” пурра таъмин буда, муштариён бе мушкилӣ аз он истифода мебаранд ва хабари пахшшуда, оид ба набудани Интернет ё ниҳоят паст будани суръати он дар ин мавзеъ асоси воқеӣ надорад.
Агарчи дар мавод аз номи Мадина ном Муштарӣ оид ба набуди алоқа ва ё суръати пасти он сухан меравад, вале рақами телефони мавсуф гузошта нашудааст ва инчунин дар мавод нишон дода нашудааст, ки Мадина муштарии “Вавилон-Мобайл” ҳаст ё на. Аз редаксия хоҳиш менамоем, телефони Муштариро пешниҳод намояд. Агар Муштарӣ аз хизматрасонии алоқаи мо истифода барад, мо омодаем, шикояти ӯро ҳаматарафа баррасӣ намуда, мушкилии ба миёномадаро бартараф намоем.
Ширкати “Вавилон-Мобайл” бо мақсади иҷрои Дастури ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар гардонидани сифати алоқа ва баланд бардоштани суръати Интернет дар тамоми Ҷумҳурӣ насби пойгоҳҳои нав ва муҷаҳҳазгардонии пойгоҳҳои мавҷударо фаъолона ба роҳ мондааст. Ин иқдом алакай самараи худро нишон дод ва сатҳу сифати Интернет ва алоқа дар кулли манотиқе, ки то имрӯз дар он пойгоҳҳои нави базавӣ насб шуданд, хеле беҳтар шуд. Дар 7 моҳи соли 2024 аз ҷумла дар ноҳияи Рӯдакӣ 7 Истгоҳи базавии стандарти нави 4G LTE насб карда шуд. Ҳар Муштарӣ дар сурати интихоби дурусти тарифҳо аз Интернет метавонад ба таври самаранок аз он истифода барад.
Дар гузориш омадааст, ки “Speedtest.net -Портале, ки суръати интернетро дар саросари ҷаҳон чен мекунад, нишон медиҳад, ки суръати пайвастшавӣ ба Интернети мобилӣ тавассути шабакаҳои мобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9,35 Мбит/с ва суръати миёнаи пайвасти Интернети собит – 31,72 Мбит/сония мебошад.” Суръати мазкур, барои ҷумҳурии мо, ки асосан минтақаҳои дорои релефи мишкил дорад, суръати хуб буда, имкони пурраи дастрасӣ ба Интернетро ба корбарон фароҳам меорад.
Ҷустуҷӯ тавассути шабакаи Интернет нишон медиҳад, ки ҳатто дар пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон дар манотиқи деҳот Интернети баландсуръат дастрас нест. Масалан, дар ИМА агарчӣ суръати пайвастшавӣ ба интернет дар шаҳрҳо баланд аст, аммо дар деҳот суръати интернети мобилӣ вобаста ба дурии он аз 5 то 20 Мбит/сония фарқ мекунад. Сабабҳои асосӣ фарогирии маҳдуди 4G ва таъхир дар густариши 5G дар ин кишвар арзёбӣ мешавад. Дар ИМА барномаҳо ба монанди Фонди имкониятҳои рақамии деҳоти FCC барои беҳтар кардани вазъият равона шуда, инчунин ба Starlink рӯй оварда истодаанд.
Дар деҳоти Аврупо суръати интернети мобилӣ вобаста ба кишвар хеле фарқ мекунад. Дар Аврупои Ғарбӣ ва Шимолӣ суръати миёна аз 20 то 40 Мбит/сония бошад, дар Аврупои Шарқӣ ва Ҷанубӣ аз 10 то 25 Мбит/сония арзёбӣ мешавад.
Ҳатто дар Ҷопон, новобаста ба фарогирии хуб суръати миёнаи интернети мобилӣ 20-50 Мбит/сония мебошад.
Дар шаҳрҳои бузурги шарики стратегии мо Русия суръати интернети мобилӣ аз 30 то 70 Мбит/с. бошад, дар деҳоти он суръати Интернет аз 5 то 20 Мбит/сония арзёбӣ мешавад.
Муаллиф суръати наздик ба 10 Мбит/сонияро барои Интернет дар Тоҷикистон кам медонад. Аммо ба назари коршиносон ин суръат басанда аст, ки муштариён дилҳоҳ манбаъро боз кунанд, боргирӣ намоянд ва ҳам видеоҳо тамошо кунанд. Фақат Муштариро зарур аст, ки вобаста ба манотиқи ҷойгиршавӣ тарофаи заруриро интихоб кунад, зеро аз тарафи ширкати мо вобаста ба талаботи муштариён тарофаҳои гуногун вобаста ба суръат роҳандозӣ шудаанд. Ҳар қадар тарофа бо ҳаҷм ва суръати бештар харидорӣ шавад, ҳамон қадар МБ-ҳо арзон ва Интернет бо суръати баланд дастрас мегардад.
Суръати 31,72 Мбит, ки дар гузориш нишон дода шудааст, барои интернети собит хуб аст ва то 4 нафар дар як хона метавонанд аз он бемалол истифода баранд. Инҷо низ, боз ба худи Муштарӣ вобаста аст, ки чӣ тарофаеро бо кадом суръат интихоб мекунад.
Дар гузориш инчунин омадааст, ки хонандаи мактаб наметавонад тавассути Интернет маводи таълимиро дастрас намояд. Вобаста ба масъалаи мазкур бояд ба инобат гирем, ки истифодаи Интернет ба мактаббачагон аз тарафи волидайн сахт назорат мешавад ва на ҳама иҷозат медиҳанд, ки фарзандони онҳо аз сомонаҳои интернетӣ истифода баранд. Иқдоми мазкур аз тарафи волидайн хусусияти тарбиявӣ дошта, ширкат ҳуқуқи дахолат ба онро надорад.
Агар мақсади таълифи ин мақола он бошад, ки муаллиф мехоҳад, хонандагон ба сомонаҳои гуногуни таълимӣ дастрасӣ пайдо кунанд, метавонад рӯйхати чунин сомонаҳоро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Ширкат омода аст, ки дар доираи қонун, агар чунин сомонаҳоро Вазорати маориф ва илм тавсия диҳад, дастрасии онҳоро дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқа бо манбаъҳои дохилӣ таъмин намояд. Зеро трафики дохилии Интернети хонагӣ тарофабандӣ намешавад ва хонанда метавонад бе ягон маҳдудият аз он истифода барад.
Ширкати мо алакай чунин таҷриба дорад. Масалан, мо ба ширкати телевизионии “Сомон ТВ” дар таъсиси Babilon Academy кумак намуда, канали махсуси таълимиро барои кӯдакон таҳия кардем. Ҳадафи аслӣ аз таҳияи ин шабака кӯмак расонидан ба кӯдакон дар рушди дониш дар фанҳои калидии мактабӣ мебошад. Дар ин канал барномаҳо аз фанни математика пешкаш мешаванд, ки дар онҳо мавзӯъҳои гуногун аз масъалаҳои оддии арифметикӣ то мафҳумҳои мураккаби геометрӣ возеҳ шарҳ дода шудаанд.
Ғайр аз ин, дар Babilon Academy ба адабиёт таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад — бачагон бо эҷодиёти классикон ва адибони муосир шинос шуда метавонанд. Инчунин барномаҳое мавҷуданд, ки тавассути шарҳ додани қоидаҳои имло ва аломатҳои китобатӣ ба баланд бардоштани саводнокӣ мусоидат мекунанд. Шабака тавре таҳия шудааст, ки омӯзиш на танҳо муфид, балки шавқовар мебошад. Ин ба кӯдакон имкон медиҳад, ки на танҳо донишҳои навро аз худ кунанд, балки тафаккури мантиқӣ ва эҷодкориро ташаккул диҳанд ва муҳимтар аз ҳама – таҳсилро дӯст доранд.
Солҳои охир ширкати мо дар ҳамкорӣ бо хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбудии суръат ва сифати Интернет корҳои зиёдеро анҷом дод. Танҳо дар соли 2023 мо бештар аз 250 истгоҳҳои базавӣ дар манотиқи гуногуни кишвар насб намудем, ки аксари онҳоро стандарти 4G LTE ташкил медиҳад.
Дар соли 2024 низ корҳои насбу муҷаҳҳазгардонӣ бо суръати баланд пеш рафта истодаанд. Дар ҳафт моҳи аввали соли ҷорӣ мо беш аз 100 истгоҳи нави базавӣ бо стандартҳои муосири 4G LTE насб кардем. Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, ки сифати хизматрасониро беҳтар созем ва шабакаҳои худро такмил диҳем, то ба ҳамаи корбарони худ, аз ҷумла ба Муштариёне, ки дар манотиқи дурдаст ва деҳот зиндагӣ мекунанд, пайвасти устувор ва босуръати Интернетро таъмин кунем.
Айни замон ширкатҳо рақобати фаъолона доранд, кӯшиш мекунанд, ки сифати хизматрасониро беҳтар созанд, суръати Интернетро баланд бардоранд ва Муштариёни бештар ҷалб кунанд. Ҳар як ширкат дар якҷоягӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истгоҳҳои нави базавӣ насб карда, технологияҳои пешрафтаро ҷорӣ намуда, барои истифодабарандагон хизматрасониҳои замонавӣ ва муассир пешниҳод мекунад.
Дар оянда хеле хуб мешуд, агар пеш аз чопи чунин маводҳо, вақте сухан дар бораи Муштарии мушаххас меравад, муаллиф барои муайян намудани воқеияти кор ба ширкатҳо ва Интернет-провайдерҳо муроҷиат намояд. Ин имкон медиҳад, ки на танҳо мушкилӣ сари вақт бартараф карда шавад, балки аз чопи гузоришҳои носанҷида пешгирӣ шавад.
Инчунин хеле хуб мешуд, агар муаллиф ному насаби худро дар гузориш дарҷ мекард. Дар чунин ҳолат имкон буд, ки бевосита бо муаллиф ҳамсӯҳбат шуда, пешниҳодҳои заруриро ба ӯ ирсол намоем.
Барои ҳамдигарфаҳмӣ сипосгузорем ва умедвори ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар оянда ҳастем.
Бо эҳтиром,
Директори ҶСП “Вавилон-Мобайл”
Асоев У.
Бозпас ба рӯйхат