Соли нав, бо ғалабаҳои нав!

Дар нахустин рӯзи соли нави 2023 дар шаҳри Душанбе 31-умин мусобиқаи анъанавии ҷумҳуриявӣ оид ба футзал, ки моҳи декабр оѓоз ёфта, як моҳ идома ёфт, ҷамъбаст шуд. Мусобиқаи мазкур ба хотираи собиқ бозингари маъруфи дастаи овозадори «Помир», «Вахш» ва «Ирригатор» Александр Кирсанов бахшида шуда буд.

Дар бозии финалӣ дастаҳои «Соро компания-2» ва «Вавилон» қувваозмоӣ намуданд. Дар рафти бозӣ ҳарду даста хеле фаъол буданд ва ҳуҷумҳои пай дар пай бозиро басо ҷолибу тамошобоб намуд. Агарчӣ ба даст овардани ѓалаба осон набуд, вале ба дасти «Вавилон» муяссар шуд, ки ба ҳисоби 4:3 дар ин бозии пуррақобат ғолиб ояд.

Дар номинатсияҳои зерин инхо беҳтарин эътироф гардиданд:

  • «Беҳтарин дарвозабон» - Бозоров Фирӯз (Вавилон)
  • «Беҳтарин бозигар» - Ульмасов Алишер (Вавилон)
  • «Беҳтарин нишонзан» - Маҳмудов Хуршед (Вавилон)

АИнчунин, собиқадорони дастаи «Вавилон» дар финал бо тими «Динамо» қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 5:4 шикаст хӯрда, барандагони медалҳои нуқраи Ҷоми "Кирсанов" шуданд. Мо итминон дорем, ки дар соли нави 2023 бозингарони моро ғалабаҳои дурахшон интизоранд!


Бозпас ба рӯйхат