«Вавилон»- барандаи Ҷоми «Истиқлол»-2022!

«Вавилон»- барандаи Ҷоми «Истиқлол»-2022!

Шоми 10 ноябр панҷумин мусобиқаи Ҷоми клуби футболи «Истиқлол» оид ба футболи хурд анҷом ёфт.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки соли равон бо иштироки 26 даста муддати якуним моҳ ҷараён гирифт, дастаи ширкати «Вавилон» барандаи Ҷом гардид.

Дар рақобати ниҳоӣ, ки бо иштироки тамошобинони сершумор доир гардид, дастаи соҳибони мусобиқа «Истиқлол» ва тими «Вавилон» вориди майдон гардиданд. Бозии финалӣ, ки басо ҷолибу рангин ва хелу пуршиддат гузашт бо пирўзии дастаи «Вавилон» бо ҳисоби 2:1 ба поён расид. Ҳарду голро дар ин рақобати пуршиддат Хуршед Маҳмудов ба дарвозаи Истиқлол ба ҳадаф расонид.

Пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ, маросими расмии ҷоизасупории мусобиқа бо иштироки роҳбарияти дастаи «Истиқлол» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамчунин бозингарони клуби футболи «Истиқлол» баргузор гардид. Ба доварону дастаҳои ҷоизадор ва беҳтаринҳои мусобиқа медалҳо, ифтихорномаҳо ва мукофотпулиҳоро ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, узви кумитаи иҷроияи ФФТ Фатҳулло Ҷалилов, роҳбари дафтари матбуотии «Истиқлол» Рустам Ҳакимов ва бозингарони даста - Владислав Касминин, Глеб Грачев, Идрис Амину, Шервони Мабатшоев, Аҳтам Назаров ва Манучеҳр Ҷалилов супурданд.

Ба дастаи ғолиб - «Вавилон» Ҷом, медалҳои тилло ва 50 ҳазор сомонӣ супорида шуд. Ҳамчунин аз тарафи кумитаи тадорукот беҳтарин дарвозабон, нишонзани беҳтарин ва бозингари бузургсоли мусобиқа бо ҷоизаҳо ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд:

  • Дарвозабони беҳтарин- Фируз Бозоров («Вавилон»);
  • Беҳтарин нишонзан - Шаҳзод Сулаймонов - 15 туб («Истиқлол»);
  • Бозингарии бузургсол - Саидасрор Саидов («Диёр трэвел»);

Мо ҳамаи бозингарони дастаи «Вавилон»-ро барои чунин бозии пуршиддату ҷолиб ва тамошобоб ва ба даст овардани Ҷоми КФ «Истиқлол»-2022 табрик гуфта, барояшон пирӯзиҳои нав ба навро дар оянда таманно мекунем. Ин пирўзи пирўзии ҲАМАИ мост.


Бозпас ба рӯйхат