Эълон

Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе расонида мешавад, ки аз 25 то 30 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе ва шоҳроҳҳои Душанбе - Бохтар то деҳаи Ачии нохияи Хуросон Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ баргузор мегардад.

Дар рӯзҳои баргузории Чемпионат санаҳои 25 - 27 марти соли 2022 аз соати 9:00 то 17:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ - Айнӣ тавассути хиёбони Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, кӯчаҳои Ҳ. Шерозӣ - Карамов пайваст ба хиёбони Рӯдакйӣ ва рӯзхои 28-30 март аз соати 7:30 то 16:00 аз ҳалқаи буриши хиёбони С. Айнӣ - кӯчаи Дустии халқҳо, хиёбонҳои Айнӣ, Рудакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, хиёбонҳои Ҳ- Шерозӣ, С. Шерозӣ, кӯчаи Н. Қарабоев роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар то деҳаи Ачии ноҳияи Хуросон бозгашт бо кӯчаҳои Н. Қарабоев, С. Шерозӣ, хиёбонҳои А. Сино, И. Сомонӣ, Н.Махсум то маҳаллаи Зафар ва бозгашт тавассути хиёбонҳои Н. Махсум, И. Сомонӣ, Рӯдакӣ то майдони Дустии халқҳо маҳдуд мегардад.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзхои баргузории чорабинии мазкур аз истифодаи воситаҳои нақлиёти шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиётҳои ҷамъиятии автобусҳо истифода намоянд.


Бозпас ба рӯйхат