Огоҳинома оиди азнавбақайдгирии SIM-кортҳо

Муштариёни муҳтарам!

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №64 аз 09.02.2019с муҳлати азнабақайдгирии сим-кортҳо то 15 феврали соли 2022 тамдид гардид.

Инчунин, агар шумо зиёда аз 2 SIM корт дошта бошед, аз шумо хоҳиш менамоем, то 15.02.2022 бо шиносномаҳои намунаи 2014 ба наздиктарин нуқтаи хидматрасонӣ ташриф оварда, ду SIM - корти асосии истифодашавандаро интихоб кунед.

Дар зер рӯйхати ҳуҷҷатҳо барои иваз кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намунаи нав оварда шудааст:

  • Шиносномаи соли 1996.
  • Рақами инфиродӣ (СИН).
  • Шаҳодатномаи гурӯҳи хун (ихтиёрӣ).
  • Квитансия дар ҳаҷми 10 доллари ИМА бо пули миллӣ (иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озод карда мешаванд).
  • Дафтари ҳавлӣ ва ордер барои ҳуҷра ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот.
  • Шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё шаҳодатномаи талоқ).
  • Як акси сиёҳ ва сафед 3,5 х 4,5 мм.


Бозпас ба рӯйхат