Озмуни нави «Сарзамини ман»

Муштариёни муҳтарам!
Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматрасонии нави фароғативу зеҳнии «Сарзамини ман» шуруъ шуд.

Барои аъзои Викторинаи «Сарзамини ман» шудан, бояд сараввал USSD-дархости *5545#-ро гирифта баъдан бо рақами 1 – обунаро тасдиқ намоед. Баъд аз тасдиқ намудани обуна, ҳамарӯза 1 СМС-хабар бо савол ба телефонатон мегиред.

Масъалан:
Тоҷикистон бо кадом давлатҳо ҳамсарҳад аст:
1. Гурҷистон
2. Қирғизистон

Бояд ҳатман ҷавоби дурустро интихоб намоед (ҷавоби дуруст 2.Қирғизистон). Ҳангоми ҷавоби саҳеҳ додан ба Шумо 100 имтиёз дода мешавад.
Арзиши хизматрасонӣ 1 сомонӣ дар як рӯз бо ҳисоби ҳамаи андозҳо.

Барои бештар намудани имтиёзҳои худ, мумкин аст ба 4 саволи иловагӣ бо арзиши 1 сомонӣ барои ҳар як ирсоли савол (СМС) ҷавоб гуфт. Саволҳои иловагиро бо ирсоли калимаи «СТАРТ» ба рақами 5545(СМС) метавон дарёфт кард.

Ҷоиза: ҳар семоҳа ба 2 аъзоёни хизматрасонӣ, ки волотарин имтиёзҳоро доранд, телефонии мобилии IPhone 6 тақдим карда мешавад.

Дар охири ҳар марҳила, дар байни аъзоёни фаъоли хизматрасонӣ ва онхое, ки ба саволҳо паи 3 моҳи охир дуруст ҷавоб гуфтаанд, Шоҳҷоиза мошини сабукрави тамгаи TOYOTA бурд карда мешавад. Нафаре, ки ба саволҳои иловагӣ Зудтар ва Дуруст ҷавоб мегуяд, соҳиби Шоҳҷоиза мегардад.

*5545#- барои обуна шудан;
*5545*00#- барои қатъ кардан;
Калимаи «СТАРТ»- барои гирифтани саволҳои иловагӣ (ирсол ба рақами 5545);
1000- барои огоҳ шудан аз имтиёзҳои худ:

Муҳлати давомнокии марҳилаи аввал: аз 18.07.2016 то 15.10.2016с.


Бозпас ба рӯйхат