Хизматрасонии "Шаҳри бехатар"

Муштариёни муҳтарам!
Хизматрасонии мазкур барои соҳибони автомобил пешниҳод шуда, ронандагон бо кӯмаки SMS метавонанд ҷаримаҳои худро тафтиш намоянд. Ронанда SMS-паёмак аз телефонии худ бо матни «РАҚАМИ АВТО (фосила) РАҚАМИ ШИНОСНОМАИ ТЕХНИКӢ (0010АА07 RD0008748) ба рақами 4444 ирсол менамояд.

Аз тарафи "Шаҳри бехатар" оид ба мувофиқати маълумоти воридшуда санҷиш гузаронида шуда, дар ҳолати мавҷуд будани ҷарима ба ронанда SMS-паёмак бо ҷаримаҳо фиристода мешавад. Дар охири SMS суроғаи электронии зерин замима мегардад: bekhatar.info, Ронанда бо кӯмаки таҷҳизоти мобилии худ ва ё бо компютери ба хати Интернет пайваст, метавонад ба bekhatar.info ворид шуда, бо аксҳои автои худ ва ҷарима шинос шавад.

Арзиши хизматрасонӣ: 5 сомонӣ бо ҳисоби ҳамаи андозҳо.


Бозпас ба рӯйхат