Кушодашавии Нуқтаи нави моно-брендӣ

Муштариёни муҳтарам!

Ширкати «Вавилон-Мобайл» бо ифтихор ба муштариёни худ хабар медиҳад, ки боз як маркази нави хизматрасонии муштариён дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Деҳлавӣ, 9 (рӯ ба рӯи бозори марказии Шоҳмансур) кушода шуд.

Дар маркази нави хизматрасонии ширкати «Вавилон-Мобайл» муштариён метавонанд масъалаҳи зиёдеро, ки ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои алоқа ба миён меояд, ҳал намоянд. Аз ҷумла пайваст шудан ба шабакаи мо, гирифтани маълумот дар бори тарофаҳо ва хизматрасониҳои нави ширкат, иваз намудани SIM-корт ва ғайра.


Бозпас ба рӯйхат