Васеъшавии минтақаи фарогирии 4G/LTE

Муштариёни муҳтарам!

Ба Шумо бо ифтихор дар бораи васеъшавии фазои иҳотаи шабакаи 4G хабар медиҳем. Минбаъд аз имкониятҳои номаҳдуди Интернети бесим сокинони шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Қурғонтеппа низ истифода бурда метавонанд. Ширкат хамеша барои васеъ намудани фазои иҳота кӯшиш мекунад ва дар оянда низ фазои иҳотаи шабакаи 4G ба таври назаррас васеъ хоҳад шуд. Ин имконият медиҳад, ки хизматрасонии олоқаи овозӣ ва интернети мобилӣ бо сифати баланд дар тамоми ҷумҳурӣ пешниҳод карда шавад.

Хотиррасон мекунем, ки ширкати «Вавилон-Мобайл» нахустин оператори 4G/LTE дар Тоҷикистон мебошад!


Бозпас ба рӯйхат