Хушхабар ба муштариёни «Вавилон-Мобайл»!

Бо дархости Муштариён аз 01.08.2023 сол дар ҳама нақшаҳои тарофавии мавҷудаи ширкат, тамоми дақиқаҳои истифоданашуда/ SMS /Мегабайтҳои ба нақшаи тарофавӣ дохилшуда ба моҳи оянда гузаронида мешаванд. Муштариёни ширкат дигар дар робита ба бақияи дақиқаҳои истифоданашуда, SMS ва Мегабайтҳо дар тарофаҳо метавонанд беташвиш бошанд!

Акнун шумо метавонед бемалол ба тарофаҳои бо пардохти бештари абонентӣ гузаред, ки арзиши миёнаи захираҳои пешниҳодшуда дар онҳо арзонтар аст. Ин маънои онро дорад, ки шумо метавонед бо пули камтар - захираҳои бештар ба даст оред. Дигар хавотир шудан зарур нест, зеро захираҳо намесӯзанд!

Опсияи мазкур ройгон пешниҳод карда мешавад ва бидуни истисно барои ҳамаи тарофаҳои ширкат ба таври худкор фаъол карда мешавад. Агар қаблан Муштариён оид ба миқдори трафики боқимонда дар ташввиш буданд, минбаъд дигар ҳеҷ асосе барои нигаронӣ нест!

Бо хешу ақрабо сӯҳбат кунед, бо дӯстон ва наздикон дар тамос бошед ва бидуни фикр кардан дар бораи боқимондаи трафик ба ҳамдигар мукотиба кунед! Ҳамеша дар алоқа бошед ва мо дар ин самт ба шумо кӯмак хоҳем кард!

«Вавилон-Мобайл». Бо мо фоидаовар аст!

Шарҳ:

  1. Захираҳои нақшаи тарофавӣ танҳо дар сурати сари вақт пардохт кардани ҳаққи пардохти муштарӣ, ки барои тарофаи Шумо муқаррар шудааст, ҷамъбаст ва ба моҳи оянда гузаронида мешавад.
  2. Бо мақсади бекор нашудани захираҳои ҷамъшуда, инчунин 30 рӯзи иловагӣ пешкаш мегардад, ки дар давоми он Шумо метавонед пардохти муштариро барои нақшаи тарофавӣ пардохт кунед. Дар ин давра захираҳои ҷамъшуда то супоридани ҳаққи пардохти муштарӣ тарофа ғайрифаъол боқӣ мемонанд.
  3. Дар сурати сари вақт пардохт нашудани ҳаққи моҳонаи муштарӣ барои тарофа тибқи банди 1, ҳамаи бақияи Дақиқаҳо, бастаҳои SMS ва Мегабайтҳо аз давраҳои қаблӣ бекор карда мешаванд.
  4. Ҳангоми тағйир додани нақшаи тарофавӣ/аз нав ба расмиятдарории рақам, захираҳои ҷамъшуда бекор карда мешаванд.


Перейти в главную