Ҷаъбасти мусобиқаи баналамилалии «Ҷоми Шарқ» дар Қазон

Дар шаҳри Қазон мусобиқаи байналмилалии футбол миёни кӯдакон бо номи «Ҷоми Шарқ» ба анҷом расид, ки дар он нахустин маротиба дастаи наврасони Тоҷиқистон - «Вавилон» ширкат дошт. Дар ин мусобиқа, ки аз 14 то 17-уми май дар урдугоҳи «Гвардияи ҷавон» баргузор гардид, футболбозони наврас аз Тоҷикистон, Умон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия ва Озарбойҷон ширкат варзиданд.

Фото 1 Фото 2 Фото 3 Фото 4 Фото 5 Фото 6 Фото 7 Фото 8

Барои дастаи “Вавилон” иштирок кардан дар ин мусобиқа марҳилаи муҳим дар фаъолияти варзишии онҳо гардид - ин таҷрибаи пурарзиш, шиносоӣ ва илҳом барои пирӯзиҳои оянда хоҳад буд.

Дастаи Вавилон бозии хуб нишон дода дар номинатсияи «Беҳтарин ҳуҷумкунанда ҷоиза насиби бозигари Тоҷикистон - Наврӯз Файзуллоев гардид.

Раҳбари ҷамъияти Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Сабриддин Тоиров дастаи “Вавилон”-ро табрик гуфта, ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд ва қайд кард: Барои тими "Вавилон" ин аввалин мусобиқаки байналмилалӣ ва ҳар як бозӣ як дарси муҳиме шуд. Чунин таҷриба махсусан барои футболбозони ҷавон, ки ба сафар шурӯъ мекунанд, арзишманд аст.

Ба футболбозони навраси “Вавилон” барори кор, муваффакият ва комьёбиҳои нави варзишӣ орзу мекунем!


Бозпас ба рӯйхат