«Вавилон» – Ғолиби Ҷоми ФОРМУЛА55 ба хотираи Александр Кирсанов!

Дар Душанбе Ҷоми 32-юми ҷумҳуриявӣ оид ба футзал, ки ба хотираи футболбози афсонавии дастаҳои «Помир», «Вахш» ва «Ирригатор» Александр Кирсанов бахшида шудааст, анҷом ёфт. Мусобиқаҳо, ки аз моҳи декабр оғоз гардида буданд, беҳтарин дастаҳои дӯстдорони футбол ва собиқадоронро ҷамъ оварданд ва 19 январ бо бозиҳои ниҳоӣ хотима ёфтанд.

Дастаи «Вавилон» сатҳи олии бозиро нишон дода, дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «Динамо МВД» бо ҳисоби 8:2 ғалабаи комил ба даст овард. Дар бозии барои ҷои сеюм «Равшан» бар дастаи «Лазиз» бо ҳисоби 7:3 ғолиб омад.

Дар ҷамъбасти мусобиқа Хуршед Маҳмудов («Вавилон») беҳтарин ҳамлагар ва Улмасов Алишер («Вавилон») беҳтарин бозигар эътироф шуданд. Ғолибони мусобиқа на танҳо бо ҷому медалҳо, балки бо мукофотҳои пулӣ низ сарфароз гардонида шуданд.

«Вавилон» – рамзи қувват, стратегия ва рӯҳи дастаҷамъӣ!

Мо бо дастаи худ ифтихор дорем ва ба ташкилкунандагон барои мусобиқаи беназир изҳори сипос менамоем. Дастаи «Вавилон» минбаъд низ мухлисонро бо ғалабаҳои дурахшон шод хоҳад кард!

«Вавилон» ба пеш!


Бозпас ба рӯйхат