Минбаъд муштариёни россиягии «МТС», «Мегафон», «Теле2» ва «Билайн» дар дилхоҳ вақти шабонарӯзӣ ва сарфи назар аз маҳалли ҷойгиршавӣ, метавонанд тавозуни наздикони худро, ки муштарии «Вавилон-Мобайл» мебошанд, пур намоянд. Муштариёни «МТС», «Мегафон», «Теле2» ва «Билайн» метавонанд аз суратҳисоби рақами россиягии худ то 15 000 рубл гузаронанд.
Барои ин зарур аст,ки ба саҳифаи низоми пардохтии «МОБИ.Деньги» https://www.mobi-money.ru/ ворид шуда аз хизматрасонии он истифода барандва ё SMS бо маблағи гузаронидашаванда ба рақами 3116 ирсол намоянд.
Масалан:
- 992918ХХХХХХ 100;
- 99298ХХХХХХХ 100;
- 99294XXXXXXX 100.
918ХХХХХХ - рақам барои пардохт;
100 - маблағ бо рубл.
Эзоҳ:
- Воситаҳои пулӣ ба суратҳисоби асосии «Вавилон-Мобайл» гузаронида мешавад.
- Ва мутобиқ ба қурби Бонки марказии Федератсияи Россия, дар лаҳзаи интиқол конвертатсия мешавад.
- Ҳангоми интиқол 3,5% аз маблаѓи интиқол ситонида мешавад.
- Ҳангоми интиқоли воситаҳои пулӣ аз рақамҳои мобилии «МТС», «Мегафон», «Теле2» ва «Билайн» ба рақами мобилии «Вавилон-Мобайл», ба таври иловагӣ аз «МТС» - 3%, «Мегафон», «Билайн»- 6%, ва «Теле2»-7% комиссия ситонида мешавад.
- Усули расонидани хизматрасонии «МТС»
- Усули расонидани хизматрасонии «Мегафон»
- Усули расонидани хизматрасонии «Билайн»
- Усули расонидани хизматрасонии «Теле2»
Суратҳисоби мобилии наздикон ё дӯстони худро бо як ангуштзании осон ва содда пур намоед!
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат