SMS-банкинг бо ҶСК "Казкоммерсбонк Тоҷикистон"

Хизматрасониҳои алоқаи мобилиро минбаъд ба воситаи корти қарзии VISA пардохт намудан мумкин аст.

Барои истифода аз хизматрасонии мазкур зарур аст:

  1. Ба хизматрасонӣ обуна шудан:
    1. Ба Call Center ҶСП «Казкоммерцбанк Тоҷикистон» ба рақами (44) 620-40-40 занг занед.
    2. Баъд аз ҷавоби маълумотдиҳандаи худкор зарур аст, ки рақами Идентификатсионии (ID рақам) – и худ ва 4 рақами рамзро, ки ҳангоми муаррифӣ дар портали www.Homebank.kz ба қайд гирифта шудааст ворид намоед ва ҷавоби амалгарро интизор шавед;
    3. Баъд аз гирифтани ҷавоби амалгар, зарур аст, ки ба ӯ раками ID –и худ, калимаи рамзӣ, 4 рақами охирини корт ва рақам/рақами телефони мобилии Вавилон Мобайл, ки минбаъд маблағро ба он мегузаронед, ирсол намоед ва тасдиқоти амалгарро дар бораи ворид карда шудани рақам\рақамҳо интизор шавед.
  2. Пур кардани тавозуни муштарии Вавилон-Мобайл:
    1. Ба даргоҳи молиявии Homebank (www.homebank.kz) ворид шуда, рақами ID-и худ, рақам ва рамзро ворид намоед.
    2. Ба бахши «Услугӣ» даромада, Оплата услуг «Вавилон-М» -ро интихоб намоед.
    3. Аз рӯйхат рақами телефонеро ки Шумо мехоҳед ба он маблағ ворид намоед, интихоб кунед ва маблағи пардохтшавандаро ворид намуда, тугмачаи «Далее»-р пахш кунед.
    4. Боварӣ ҳосил кунед, ки маълумот боварибахш аст ва тугмачаи «Оплатить»-ро пахш кунед.
    5. Аз тавозуни ҳисоби Шумо маблағи интиқол + комиссия барои хизматрасонӣ кам карда мешавад ва баъд аз чанд дақиқа ба телефони Шумо хабар бораи гузаштани малағ огоҳинома меояд.

Санаи пардохтҳоро дар бахши «Услуги» => «Архив платежей» дидан мумкин аст. Бо пахш кардани рақами пардохт ҷузъиёти он (Сана, Қабулкунанда, Рамзи транзаксия, Рақами муштарӣ ва ғайра) –ро мебинед.

Эзоҳ:
  1. Ҳадди ақали маблағи пардохт – 5 сомонӣ.
  2. Дар сурати пардохти маблағи то 160 сомонӣ комиссия 2.38 сомониро ташкил медиҳад (050 в.ш. бо қурби бонк дар рӯзи пардохт) Дар сурати пардохти зиёда аз 160 сомонӣ комиссия барои пардохт 1.5%-ро ташкил медиҳад.

Ба наздикӣ имконпазирии пардохти маблағ аз кортҳои плостикӣ ба телефонҳои мобилии Вавилон-Мобайл ба воситаи банкоматҳои ҶСП «Казкоммерцбанк Тоҷикистон» ва инчунин ба истифода додани навъи нави Homebank.kz ба сифати замима барои телефонҳои мобилӣ дар базаи Android ва iOS ба роҳ монда мешавад.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат