Бо кадом тарз хизматрасонии мазкур амал мекунад?
ҳангоме, ки ба Шумо занг мезананд, рақами зангзананда дар дисплеи телефонатон нишондода мешавад. Нигоҳ карда ба рақами зангзананда, Шумо метавонед ба занг ҷавоб диҳед ё занг бо тарзи худкор ба почтаи овозӣ гузаронида мешавад (агар ин хизматрасонӣ дар телефони мобилиатон фаъол карда бошад). (нигаред ба қисми Гузариши зангхо ё ба Почтаи овозӣ). Муайян кардани рақам ба Шумо кафолати нагузаронидани зангҳои барои Шумо муҳимро медиҳад.
Айён гаштани номи шахси зангзадаистода. Барои муайян кардани шахси зангзадаистода, Шумо метавонед дар хотираи телефони худ хам рақам ва ҳам номи ӯро сабт кунед. Агар номи шахси зангзадаистода дар хотираи телефонатон сабт шуда бошад, он гоҳ дар дисплеи телефонии Шумо номи он шахс муайян мегардад.
- Эзоҳ: на хама телефонхои мобилӣ дорои ин гуна хизматрасонианд.
Муайян шудани занги дар холати интизори қарор дошта. Агар ба Шумо хангоми гуфтугӯ бо телефон занг ояд, он гоҳ Шумо бо як садои овози огох мешавед ва рақами нафари зангзадаистода, ки дар ҳолати интизорӣ қарор дорад дар рӯё дисплеи телефонатон айён мегардад.
Муайян шудани рақам инчунин барои шахси зангзадаистода бартарӣ дорад. Агар шахсе, ки ба ӯ занг мезанед ва ӯ ба занги Шумо ҷавоб намедиҳад, дар он сурат рақами Шумо ва номи Шумо дар хотираи телефонии ӯ сабт мешавад ва аз занги Шумо хабардор мешавад.
Муайян кардани рақамҳо - 0 сомонӣ
Маҳдуди муайян кардани рақам
Хизматрасонии «Маҳдуди муайян кардани рақам» ба Шумо маҳдуд кардани рақами телефони мобилиатонро барои дидани дигар муштариён, хангоми занг заданатон имкон медиҳад. Шумо метавонед ин хизматрасониро мустақилона пайваст намоед, бо дастурамали оид ба телефони мобилии худатон шинос мешавед ё ба шуъбаи муштариёни ширкат мурочиат мекунед, 0 сомонӣ!
Манъ кардани зангҳо
Ин хизматрасони хеле муфид аст, дар ҳолате ки Шумо телефони мобилиатонро бо SIM-корт ба ягон шахс барои истифода медиҳед. Дар ин маврид Шумо имкони манъ кардани зангҳои даромад ё баромадро доред, ё зангҳои байналмилалиро манъ кунед.
Фаъол намудани ин хизматрасонӣ
Истифода кардани хизматрасонии «Манъ кардани зангҳо»
Хизматрасонии «Манъ кардани зангҳо» бо гирифтани махсус коди рухсати (рамз) аз тугмаи телефонатон истифода карда мешавад. Сараввал рамз барои ҳама истифодабаранда – 0000 аст. Тағийр додани рамз ба воситаи меню-и телефон ё бо гирифтани тугмаҳои он иҷро мешавад. Пеш аз фаъол кардани функсияи манъ кардани зангҳо, Шумо бояд мутмаин бошед, ки гузариши занҳоро хомӯш кардаед.
Ин намуди зангҳоро манъ кардан мумкин аст:
Манъ кардани зангҳои баромад. Ин ҳолат катъиян манъ кардани зангҳои баромадро имкон медиҳад.
Манъ кардани тамоми зангҳои . баромади байналмиллалӣ. Катъиян тамоми зангҳои баромади байналмиллалӣ аз телефони Шумо.
Манъ кардани хама- гуна зангҳои баромади байналмиллалӣ гайр аз зангҳои Хонагӣ.
Ин ҳолат ҳангоми дар сафар будан хеле қулай аст, чун он гоҳ имкони занг задан танҳо ба давлат доред, ки васлшавии телефонатон дар он аст.
Манъ кардани зангҳои даромад. Катъиян тамоми зангҳои даромад манъ карда мешавад, ва телефонатон зангҳои даромадро қабул намекунад.
Манъ кардани зангҳои даромад ҳангоми дар сафар (роуминг) будан. Тамоми зангҳои даромад хангоми хориҷ аз кишвар буданатон, қатъиян манъ карда мешаванд.
қоидаи фаъол кардани хизматрасониро Шумо метавонед аз дастурамале, ки дар телефонатон аст, дида бароед ё метавонед ба шуъбаи муштариён мурочиат карда муълумот гиред.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат