Хизматрасонии «Пардохти ваъдашуда» имконият медиҳад, ки барои истифодаи алоқаи мобилӣ мустақилона аз ширкат қарз гирифта шавад.
Мӯҳлати амали "Пардохти ваъдашуда"
Мӯхлати гирифтани қарз 2 рӯз аст + соатҳои боқимондаи рӯзи ҷорӣ. Яъне, агар қарз соати 22:00 гирифта шавад, мӯҳлати амал 2 рӯзу 2 соатро ташкил медиҳад.
Барои пардохти қарз басанда аст, ки тавозун то ҳадди мусбӣ пур карда шавад.
USSD - Фармоиш:
- Маълумот дар бораи ҳадди ниҳоии маблағ ва тафтиши «Пардохти ваъдашуда»: *2008#
- Гирифтани қарз: *2008*миқдори маблағ#
SMS - Фармоишҳо
Гирифтани қарз ба воситаи SMS бо матни «Маблағӣ қарз» ба рақами 2008:
- Инчунин ба воситаи Babilon-menu ё сомонаи http://ecare.babilon-m.tj гирифтани қарз мумкин аст.
- Babilon-menu барои муштариёне амал мекунад, ки аз моҳи октябри соли 2007 пайваст шудаанд.
- Ҳадди камтарини меъёри «Пардохти ваъдашуда» ба 0,01 сомонӣ баробар аст.
- Ҳадди ниҳоии меъёри «Пардохти ваъдашуда» ба 150 сомонӣ баробар аст.
Андозаи «Пардохти ваъдашуда» аз хароҷоти миёнаи ҳармоҳаи муштарӣ барои хизматрасонии алоқа дар 3 моҳи охир (90 рӯз) ба 20% баробар аст.
Масалан:
Агар муштарӣ дар моҳи аввал барои алоқа 20 сомонӣ, дар моҳи 2-юм 30 сомонӣ ва дар моҳи 3-юм 40 сомонӣ харҷ карда бошад, пардоти миёна дар се моҳи охир 30 сомониро ташкил медиҳад (20сомонӣ +30 сомонӣ + 40сомонӣ).
Барои санҷиши осони маблағи пешниҳодшавандаи «Падохти ваъдашуда *2008#-ро ворид намоед. SMS-фармоиш ҳангоми қарздор будан ва ё хомӯш будани телефон кор намекунад.
Дар чунин ҳолат бояд USSD-фармоиш ирсол карда шавад.
- Агар дар мӯҳлати муқарранамуда «Пардохти ваъдашуда» пардохт нашавад, хизматрасонии рақам қатъ карда мешавад.
- Басанда аст, ки қарз то ҳолати мусбии тавозун пур карда шавад ва хизматрасонӣ дастрас мегардад.
Дар кадом ҳолатҳо гирифтани «Пардохти ваъдашуда» ғайриимкон аст?
- Агар қарзи пештар гирифташуда пардохт нашуда бошад, ё тавозун баъди пардохти қарз то сатҳи мусбӣ нарасида бошад.
- Ҳангоми дар тавозун кифоя набудани маблағ ва ё манфӣ будани он, гирифтани карз ба воситаи СМС – фармоиш номумкин аст (танхо ба воситаи USSD, Babilon-Menu ва ИСУУ).
- Дар 120 рӯзи нахустини истифодаи сим-корт гирифтани «Пардохти ваъдашуда» ғайриимкон аст.
Масалан: Агар муштарӣ ба шабака 150 рӯз пеш пайваст шуда бошад, ӯ метавонад, ки танҳо ба 30 рӯзи охир такя намояд.
Тобишҳои кори хизматрасонӣ ҳангоми Пардохти ваъдашуда:
- Агар тавозуни муштарӣ бо пардохти ваъдашуда ба муштарӣ имконият диҳад, ки маблағи манбаъҳои бо арзиши 0 сомониро пардохт намояд, пардохти моҳонаи муштарӣ
гирифта шуда, ба муштарӣ захираҳои пардохтшуда дода мешаванд (дақиқаҳо/Mb).
- Агар тавозуни муштарӣ бо пардохти моҳона имконият диҳад, ки муштарӣ барои хизматрасониҳои давравии VAS пардохт намояд, пардохти моҳонаи муштарӣ гирифта шуда,
хизматрасонии VAS (Хизматрасониҳои иловагӣ) пешниҳод карда мешавад.
- Агар дар мӯҳлати пардохи ваъдашуда, муштарӣ тавозуни худро пур накунад, ва тавозуни ӯ манфӣ бошад, манбаъҳои пардохтшуда нақшаи тарофавии ӯ боздошта шуда,
МобиПакетҳо муҳосира карда мешаванд. Дар чунин ҳолат муштарӣ наметавонад зангҳои баромадро иҷро намояд, смс/ммс равон кунад ва ё аз GPRS истифод акунад. Ба
муштариён танҳо даъватҳои ройгон ба рақамҳои фаврӣ ва Колл-сентер дастрас аст. Ба муштарӣ инчунин даъватҳо ва смс-ҳои воридотӣ дастрас мебошад.
- Бо падохти қарз то ҳолати мусбӣ муштарӣ метавонад, такроран барои қарз дархост намояд.
- Ҳангоми мусбӣ будани тавозун, якчанд маротиба гирифтани пардохти ваъдашуда бо дилхоҳ маблағ мумкин аст. Баробари манфӣ шудани тавозун, Шумо ҳамагӣ як маротиба
пардохти ваъдашударо гирифта метавонед. Ҳангоми дархостҳои такрорӣ ба муштарӣ чунин ҷавоб дода мешавад: Vy nepogasili predydushii kredit, pozjaluista pogasite.
- Маблағи ниҳоии «Падохти ваъдашуда» ба шахсони воқеӣ то 150 сомонӣ.
- Қоидаҳои дар боло нишондодашуда ҳам ба шахсони воқеӣ ва ҳам ба шахсони ҳуқуқӣ татбиқ карда мешавад.
- Бо пардохти ваъдашуда истифодаи ҳамаи хизматрасониҳои пулакии ширкат, ба истиснои хизматрасонии "SMS-деньги" имконпазир аст.
- Ҳангоми пардохт нашудани ҳаққи хизматрасонии алоқа, муштарӣ метавонад барои гирифтани пардохти ваъдашуда дархост ирсол намояд, дархости ӯ коркард мешавад, вале
малағ 0.00 сомонӣ нишон дода мешавад
- Хизматрасонии пардохти ваъдашударо пайваст/ қатъ намудан ғайриимкон аст!
- Агар муштарӣ якчанд моҳ Sim- кортро истифода набурда бошад ва ё ба тавозун маблағ нагузаронида бошад, ӯ пардохти ваъдашударо гирифта наметавонад, яъне барои
гирифтани Пардохти ваъдашуда муштариро зарур аст, ки ҳар моҳ ба тавозуни худ маблағи муайян гузаронад.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат