Хизматрасонии «Стоп контент»

Хизматрасонии «Стоп контент» имкон медиҳад, ки фаъолсозии ҳама хизматрасониҳои контентӣ, ирсоли SMS-паёмакҳо ва зангҳо ба рақамҳои кӯтоҳи пулакӣ бо пардохти абонентиро истисно намуда, барои назорати хароҷоти алоқаи мобилӣ ва ҳифзи онҳо аз хароҷоти номатлуб мусоидат мекунад.

  • Шумо наметавонед тасодуфан рақами кӯтоҳи пулакии хизматрасониҳои контентиро фаъол созед;
  • Дигар хавотир намешавед, ки кӯдаки Шумо бо телефон бозӣ дорад;
  • Манъи рақамҳои кӯтоҳи контентии пулакӣ ба Шумо имкон медиҳад, ки дастрасӣ ба хизматрасониҳои пулакии Контент-провайдерон маҳдуд кунед, бо муқаррар кардани манъ Шумо наметавонед аз SMS-ҳои пулакии фароғатӣ, фармонҳо, хизматрасониҳои овозии Контент-провайдерон истифода баред.

Хизматрасонӣ ба муштариён бо арзиши 0TJS пешниҳод карда мешавад.

Ҳангоми пайваст кардани хизматрасонӣ обунаҳои мавҷуда хомӯш карда намешаванд.

Хизматрасонӣ паҳн карда намешавад:

  • Ба SMS, рақамҳои овозӣ ва USSD-фармоишҳои хизматрасониҳои «Вавилон-Мобайл». Хизматрасонӣ чӣ тавр кор мекунад:
    Барои фаъол кардани хизматрасонии «Стоп контент» Шумо бояд ба рақами кӯтоҳи *404# USSD дархост фиристед.

  • Фаъолнамоии хизматрасонӣ: Тавассути USSD: *404#
  • Қатъ кардани хизматрасонӣ: Тавассути USSD: *404*00#

Арзиш: Хизматрасонӣ бо арзиши 0TJS пешниҳод карда мешавад.

Ҳамзамон, Шумо метавонед паёмҳои таблиғотии хизматрасониҳои контентиро бидуни фаъол кардани хизматрасониҳо дастрас кунед.

Ҳангоми кӯшиши пайваст кардани хизматрасонии контентӣ, Шумо SMS бо матни зерин мегиред: «Муштарии Муҳтарам, Шумо манъ кардани пайвасткунии контент-сервисҳоро фаъол кардаед-аз ин сабаб хизматрасониро пайваст карда наметавонед. Қатъкунии хизматрасонии СТОП-Контент: *404*00#»


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат