ҶСП «Вавилон-Мобайл» дар ҳамкорӣ бо ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» лоиҳаи беназири интиқоли маблағро бо истифода аз рақами телефони мобилии ба суратҳисоби бонкӣ ҳамроҳшуда амалӣ намудан. Акнун тамоми муштариёни «Вавилон-Мобайл» метавонанд бе равандаҳои мушкил ва комиссияҳо гирандагони маблаѓҳои интиқолӣ аз Россия гарданд.
Агар Шумо хоҳед, ки интиқоли пулро бо рақами муштарии «Вавилон-Мобайл» анҷом диҳед, пас ба Шумо басанда аст, ки замимаи мобилии OSON-и барномаи ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» -ро боргирӣ карда, маълумоти корти ирсолкунанда ва рақами телефони қабулкунандаро ворид кунед. Ба қабулкунанда SMS-паёмак бо дастурҳои муфассал дар бораи чӣ гуна гирифтани пул фиристода мешавад.
Маблағи интиқолӣ чӣ гуна бояд гирифта шавад (дастури муфассал тариқи SMS фиристода мешавад):
- Агар муштарии «Вавилон-Мобайл» аллакай корти пардохтии ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» -ро дошта бошад, пас интиқоли маблағ ба суратҳисоби кортӣ пас аз чанд сония интиқол дода мешавад.
- Агар муштарӣ корти пардохтии ҶСП "Бонки байналмилалии Тоҷикистон" надошта бошад, пас ӯ ба ягон филиали ҶСП "Бонки байналмилалии Тоҷикистон" барои корти CO-BRAND муроҷиат мекунад. Дар корти мазкур пули интиқолшуда аллакай қарор мегирад.
Корти CO-BRAND - ин корти муштараки «Вавилон-Мобайл» ва ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», ки аз рӯи кортҳои системаи байналмилалии пардохти Union Pay International амалӣ карда мешавад. Маълумоти муфассал дар истиноди: UnionPay International аз МБТ.
Шумо метавонед барномаи «OSON»-ро дар истиноди зерин истифода кунед: Барномаи "OSON".
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат