Насби батареяҳои нав дар ПБ «Кашкаврак» ва “Карсанг”

ҶСП «Вавилон-М» дар пойгоҳи базавии «Кашкаврак» ва “Карсанг” -и ноҳияи Файзобод корҳои таъмиру тармимро ба анҷом расонида, пурра бо аккумуляторҳои нави литийӣ таъмин намуд. Пойгоҳҳои мазкур инчунин бо панелҳои офтобӣ низ таъминанд.

Қобили тазаккур аст, ки дар айни замон ширкат бо мақсади таъмини муштариён бо алоқа ва интернети босифат ва инчунин таъмини фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои базавӣ дар 9 моҳи соли равон дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ дар бештар аз 200 пойгоҳҳои базавӣ корҳои муҷаҳҳазгардониро ба роҳ монда, дар онҳо аккумуляторњои вайроншударо бо батареяњои наву муосир иваз кард. Таъмини пойгоҳҳо бо батареяҳои нав ва дигар нерӯҳои захиравии барқдиҳанда имкон медиҳад, ки дар ҳолати маҳдудияти барқ пойгоҳҳо мунтазам фаъолият кунанд ва муштариёнро бо алоқа ва интернет таъмин намоянд.


Бозпас ба рӯйхат