Эълон

Барои ишғоли вазифаи роҳбарикунанда дар шӯъбаи нигоҳдории дастгоҳҳои генератори дизелӣ талабот ва тахассусҳои зерин тақозо мешавад:

Талаботи асосӣ:

  • Маълумот
    • Маълумоти олии техникӣ (бартарият дар соҳаи ихтисосҳои механикӣ, электротехникӣ, энергетика ё фанҳои ба ин монанд).
  • Таҷриба
    • Таҷрибаи на камтар аз 5-7 сол дар соҳаи нигоҳдорӣ ва таъмири дастгоҳҳои дизелӣ.
    • На камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар вазифаи роҳбарикунанда.
    • Таҷрибаи корӣ дар соҳаи нигоҳдорӣ ва таъмири дастгоҳҳои дизелии генератори иқтидори 300 кВА ва аз он боло.
    • Маҳорат ва донишҳои касбӣ
      • Фаҳмиши амиқи принсипҳои кори маҷмӯи генераторҳои дизелӣ.
      • Донистани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва стандартҳо дар соҳаи истифодабарӣ ва нигоҳдории генераторҳо.
      • Қобилияти гузаронидани ташхис ва бартараф кардани камбудиҳо дар таҷҳизот.
      • Таҷриба дар ташкили таъмирҳои пешгирикунандаи нақшавӣ (ТПН).
      • Қобилияти идоракунии гуруҳи мутахассисон, тақсимоти вазифаҳо ва назорати иҷрои онҳо.
      • Малакаи банақшагирӣ ва ташкили кори шуъба.
      • Қобилияти қабули қарор дар ҳолатҳои муҳим.
    • Сифатҳои шахсӣ
      • Малакаҳои хуби муошират барои ҳамкорӣ бо кормандон.
      • Малакаҳои муоширати корӣ ва пешбурди гуфтушунид.
      • Масъулият ва эътимоднокӣ.
      • Муқовимат ба стресс ва қобилияти кор карда тавонистан дар зери фишори баланд.
    • Талаботи иловагӣ
      • Мавҷудияти Сертификатҳо ва шаҳодатномаҳои тасдиқкунандаи тахассус дар соҳаи хидматрасонии дастгоҳҳои дизелӣ (масалан, шаҳодатномаҳои истеҳсолкунандаи генератор) қобили қабул дониста мешаванд.
      • Қобилияти кор бо таҷҳизоти ташхис ва нармафзори махсус.
      • Ташкил ва назорат аз болои иҷрои таъмири нақшавии пешгирикунанда ва ҷории дастгоҳҳои дизелӣ - генераторҳо.
      • Омӯзиш ва такмили ихтисоси кадрхо.
      • Пешбурди ҳуҷҷатҳои техникӣ ва ҳисоботдиҳӣ.
      • Ҳамкорӣ бо таъминкунандагони қисмҳои эҳтиётӣ ва масолеҳи масрафӣ.
      • Таъмини риояи қоидаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат.

    Аз шахсони манфиатдор хоҳиш менамоем, ки пешниҳодҳои худро ба суроғаи почтаи электронии HR@babilon-m.com ё рақами телефони 98 980 0008 барои ҳамоҳангсозии корҳои таъмирӣ ирсол кунанд.

    Бо эҳтиром, ҶСП "Вавилон-М".


    Бозпас ба рӯйхат