Эълон

Барои ишғоли вазифаи роҳбарикунанда дар шӯъбаи нигоҳдории дастгоҳҳои генератори дизелӣ талабот ва тахассусҳои зерин тақозо мешавад:

Талаботи асосӣ:

  • Маълумот
    • Таҳсилоти миёнаи махсус ё олии техникӣ дар соҳаи механика, электротехника, энергетика ё фанҳои ба ин монанд.
  • Таҷрибаи корӣ
    • Таҷрибаи на камтар аз 3-5 сол дар соҳаи нигоҳдорӣ ва таъмири агрегатҳои дизелии генератори иқтидори 630 кВА ва аз он боло.
  • Маҳорат ва донишҳои касбӣ
    • Фаҳмиши амиқи принсипҳои кори муҳаррикҳои дизелӣ ва генераторҳо.
    • Таҷриба дар гузаронидани ташхис ва бартарафкунии мушкилот.
    • Донистани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва стандартҳо дар соҳаи истифода ва нигоҳдории генераторҳо.
    • Қобилияти хондан ва шарҳ додани диаграммаҳои барқӣ ва ҳуҷҷатҳои техникӣ.
    • Таҷриба бо таҷҳизотҳои ташхискунанда ва нармафзори махсусгардонидашуда.
    • Имконияти иҷрои таъмирҳои нақшавӣ - пешгирикунанда (ТНП) ва таъмири ҷорӣ.
  • Сифатҳои шахсӣ
    • Масъулиятнокӣ ва эътимоднокӣ.
    • Мутаваҷҷӯҳӣ ба тафсилот ва дақиқият дар иҷрои вазифаҳо.
    • Муқовимат ба стресс ва қобилияти кор карда тавонистанд дар зери фишори баланд.
    • Малакаҳои хуби муошират барои ҳамкорӣ бо ҳамкорон ва мизоҷон.
  • Талаботи иловагӣ
    • Мавҷудияти Сертификатҳо ва шаҳодатномаҳои тасдиқкунандаи тахассус дар соҳаи хидматрасонии дастгоҳҳои дизелӣ (масалан, шаҳодатномаҳои истеҳсолкунандагони генераторҳо).
    • Гузаронидани таъмири нақшавӣ-пешгирикунанда ва ҷории дастгоҳҳои дизелии генератори иқтидори 630 кВА ва аз он боло.
    • Диагностика ва бартараф кардани норасоиҳо дар кори таҷҳизот.
    • Гузаронидани таъмири техникии мунтазами генераторхо.
    • Пешбурди ҳуҷҷатҳои техникӣ ва ҳисобот оид ба корҳои анҷомдодашуда.
    • Таъмини риояи қоидаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат.

Аз шахсони манфиатдор хоҳиш менамоем, ки пешниҳодҳои худро ба суроғаи почтаи электронии HR@babilon-m.com ё рақами телефони 98 980 0008 барои ҳамоҳангсозии корҳои таъмирӣ ирсол кунанд.

Бо эҳтиром, ҶСП "Вавилон-М".


Бозпас ба рӯйхат