Муштариёни муҳтарам!
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №64 аз 09.02.2019с муҳлати азнабақайдгирии сим-кортҳо то 15 феврали соли 2023 тамдид гардид.
Инчунин, агар шумо зиёда аз 2 SIM корт дошта бошед, аз шумо хоҳиш менамоем, то 15.02.2023 бо шиносномаҳои намунаи 2014 ба наздиктарин нуқтаи хидматрасонӣ ташриф оварда, ду SIM - корти асосии истифодашавандаро интихоб кунед.
Дар зер рӯйхати ҳуҷҷатҳо барои иваз кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намунаи нав оварда шудааст:
- Шиносномаи соли 1996.
- Рақами инфиродӣ (СИН).
- Шаҳодатномаи гурӯҳи хун (ихтиёрӣ).
- Квитансия дар ҳаҷми 10 доллари ИМА бо пули миллӣ (иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озод карда мешаванд).
- Дафтари ҳавлӣ ва ордер барои ҳуҷра ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот.
- Шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё шаҳодатномаи талоқ).
- Як акси сиёҳ ва сафед 3,5 х 4,5 мм.
Бозпас ба рӯйхат