Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон

Муштариёни муҳтарам!
Имрӯз, дар шӯъбаи муштариёни ширкат, маросими тантанавии супоридани тӯҳфаҳо ба ғолибони иштирокчиёни викторина, ки аз тарафи контент-провайдери "Раҳнамо" ташкил шуда буд, баргузор гардид.

1. Тӯҳфаи асосӣ – автомашинаи тамғаи "Toyota Corolla" –ро Нурматова Саодат барои иштирок дар викторинаи "Сарзамини ман" соҳиб шуд. Иштирокчиёни дигар Латипова Гулчеҳра ва Ибрагимова Мунира, ки ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол карданд, соҳиби ду телефони тамғаи - IPhone 6 гардиданд.
2. Сертифакати тӯҳфавӣ барои харидории яхдони тамғаи Samsung ба Мирзоев Довуд барои иштирок дар викторинаи "Мазза" тақдим карда шуд.
3. Сертифакати тӯҳфавӣ барои иштирок дар виторинаи "Рангоранг" барои харидории телевизори тамғаи Samsung насиби ғолиб Латипова Гулчеҳра гардид.


Бозпас ба рӯйхат