Огоҳинома

Муштариёни муҳтарам!

Ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонем, ки аз 01.04.2016 бо мақсади татбиқи Қонун дар бораи забони давлатӣ номи тарофаҳо ва хизматрасониҳои ҶСП «Вавилон-Мобайл» иваз карда шуданд. Минбаъд номгӯйи тарофаҳои «Обычный», «Особый», «Выгодный», «Активный», «Успешный» ва «Бизнесмен» ба «Оддӣ», «Махсус», «Муфид», «Фаъол», «Бобарор» ва «Тоҷирон» тағйир дода мешаванд.

Инчунин дар нархгузории тарофаҳо ва хизматрасониҳо тағйирот ворид карда мешаванд.

Барои ҳамдигарфаҳмӣ сипосгузорем!


Бозпас ба рӯйхат