Хизматрасонии «Идоракунии зангҳои байналмилалии воридотӣ» ба Шумо имкон медиҳад, ки қабули зангҳои байналмилалии воридотиро дар рақами мобилии худ мустақилона фаъол ё ғайрифаъол намоед.
Хизматрасонии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи амнияти муштариён ва ҳифзи иловагӣ аз қаллобии байналмилалии телефонӣ роҳандозӣ шудааст.
Пас аз фаъол намудани маҳдудият, зангҳои байналмилалии воридотӣ ба рақами Шумо қабул карда намешаванд. Дар ҳолати зарурӣ, Шумо метавонед дар ҳар вақти муносиб қабули онҳоро дубора фаъол намоед.
- Маҳдуд кардани қабули зангҳои байналмилалии воридотӣ: *2026*0#
- Фаъол кардани қабули зангҳои байналмилалии воридотӣ: *2026*1#
- Санҷиши ҳолати хизматрасонӣ: *2026#
Пайвасткунӣ, ғайрифаъолсозӣ ва истифодаи хизматрасонӣ ройгон мебошад.
Ширкати «Вавилон-Мобайл» тавсия медиҳад, ки ҳангоми қабули зангҳои шубҳанок эҳтиёткор бошед. Ба шахсони бегона маълумоти шахсӣ, рамзҳои тасдиқкунанда, паролҳо ва дигар маълумоти махфиро пешниҳод накунед.
Дар сурати гирифтани занги шубҳанок аз номи ширкати «Вавилон-Мобайл», барои тасдиқ ва санҷиши маълумот ба Маркази хизматрасонӣ бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед: 2006 / 918 61 6161.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат


