Муштариёни муҳтарам!
Бо дархости Шумо ва тавсияҳои Хадамоти алоқа, бо камоли хушнудӣ хабар медиҳем, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи амниятӣ ва муҳофизат аз қаллобии телефонии байналмилалӣ, хизматрасонии нави ройгонро ба истифода додем. Ин имкон медиҳад қабули зангҳои байналмилалии воридотӣ мустақилона фаъол ё қатъ карда шавад.
Минбаъд Шумо метавонед қабули зангҳои байналмилалии воридотиро маҳдуд намоед ё дар ҳар лаҳза онҳоро дубора – зуд, қулай ва ройгон фаъол созед.
- Маҳдуд кардани зангҳои байналмилалӣ: *2026*0#
- Фаъолсозии зангҳои байналмилалӣ: *2026*1#
- Санҷиши ҳолати хизматрасонӣ: *2026#
Инчунин БОИСРОР ТАВСИЯ МЕДИҲЕМ: ҳангоми ворид шудани зангҳои шубҳанок аз номи ширкати «Вавилон-Мобайл», маълумоти шахсии худро пешниҳод накунед ва фавран бо Маркази тамоси мо барои тасдиқ ва тафтиши маълумот тавассути рақамҳои зерин муроҷиат кунед: 2006 ё 918 616161.
Бозпас ба рӯйхат


