Муштариёни мухтарам!
Минбаъд Шумо метавонед ҷойнамоии эълонҳои худро ба сайти Somon.tj мустақиман аз телефонии худ пардохт намоед.
Ширкати «Вавилон-Мобайл», дар якҷоягӣ бо ТҚХ «Алиф Сармоя» ва «Somon.tj» хизматрасонии «Пардохти электронӣ» -ро ба истифода доданд.
Бо кӯмаки хизматрасонии «Пардохти электронӣ», муштариёни ширкати «Вавилон-Мобайл» метавонанд эълонҳои худро дар қисмати ТОП дар сомонаи Somon.tj ҷой намуда, пардохт кунанд.
Барои аз хизматрасонии «Пардохти электронӣ» истифода бурдан, муштариёни «Вавилон-Mобайл»-ро зарур аст:
- Ба сомонаи Somon.tj ворид шуда, эълонро диҳанд ва «Опубликовать в ТОП» –ро интихоб намуда, дар идома шумораи рӯзхои эълон ва баъдан «Опубликовать» –ро пахш намоянд
- Усули пардохтро интихоб кунед: «С баланса «Вавилон-Мобайл через МДО «Алиф Сармоя», дар идома тугмачаи «Продолжить»» –ро пахш намоед;
- Рақами телефонии худро дар майдони муайян ворид намуда, дар идома «Продолжить» –ро пахш намоед;
- Пардохтро бо кӯмаки рамзи тасдиқот тасдиқ намоед.
Лимит барои пардохтҳо:
- Ҳадди минималии маблағи як пардохт – 1 сомонӣ
- Ҳадди ниҳоии маблағи пардохти якдафъаина – 1100 сомонӣ
- Ҳаҷми умумии маблағи пардохт дар як моҳ - 2 750 сомонӣ
- Тавозуни дастрас баъди гузаронидани пардохт - 5 сомонӣ
Хатоиҳои асосӣ ҳангоми пардохтҳо:
- Нокифояги воситаи пулӣ дар рақами нишондодашуда ё баъд аз пардохт аз 5 сомонӣ камтар боқӣ мондани маблағ дар тавозун
- Дар тавозун воситаи пулии «Пардохти ваъдагӣ» вуҷуд дорад, ҳангоми пардохтҳо истифода бурдан манъ аст
- Рақам ба номи шахси ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шудааст ва тарофаи корпоративӣ дорад
- Рамзи якдафъаина нодуруст ворид карда шудааст
«Вавилон-Мобайл» - назаррас шудан осон шуд! Бо мо назаррас бош.
МУҲИМ:
Баъд аз тасдиқи пардохт, муштарӣ бо шартҳои хизматрасониҳои «Пардохти электронӣ», ки дар сомонаи Оператор ва инчунин дар Регламент оид ба расонидани
хизматрасониҳо дар сомонаи: СОЗИШНОМА дарҷ шудааст, розӣ мешавад
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат